Дар бӯстонсарои фароғатии деҳаи тоҷикнишини Арсифи шаҳри Қувасой, воқеъ дар вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон, ҷашни Наврӯз бо шукӯҳи хос таҷлил карда шуд. Ин маҳфили гувороро фаъолони Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Фарғона таҳти раёсати Масъуди Мирзо ва Камолиддини Азизиён баргузор карданд.

Дар ин маҳфил намояндаҳо аз тамоми маҳалҳои тоҷикнишини вилояти Фарғона, ҳамчунин меҳмонон  аз шаҳри Марҳамати вилояти Андиҷон, шаҳрҳои Тошканд, Марғелон ва Қӯқанд ҳузур доштанд.

Бо иштироки толибилмону устодони гурӯҳи тоҷикии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Фарғона намоишномаи театрикунонидашудаи наврӯзӣ манзури тамошобинон гардид.

Дар ин чорабинии фарҳангӣ овозхонҳои шинохтаи вилоят Раҳимҷон Шодмонов, Содиқҷон Солиев ва дастаи ҳунарии хонаи маданияти шаҳри Қувасой табъи иштирокчиёнро хушҳол сохтанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Фарғона

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here