Дар додгоҳи ҷиноии вилояти Фарғона баррасии парвандаҳои ҷиноии як гурӯҳ сокинони ноҳияи Сӯх идома кард, ки гуфта мешавад, дар таъсиси беназмиҳо ва гӯш надодан ба талаби мақомот гумонбар шудаанд.

9 нафари боздоштшудагон дар боздоштгоҳои муқаддамотӣ нигоҳ дошта мешаванд, вале 13 нафар то анҷоми мурофиаҳои додгоҳи ба ҳабси хонагӣ маҳкум шудаанд.

Баъд аз зуҳри рӯзи чоршанбе танҳо се нафар бозпурсӣ шуданд. Ба гуфтаи худашон, онҳо дар ягон таъсиси беназмиҳо даст надоранд, баракс ба минтақаи марзӣ рафтаанд, ки мардуми деҳаи Чашмаи ноҳияашонро аз ҳамлаи қирғизҳо ҳимоя кунанд.

Гумонбар Ойбек Оташов гуфт, ки қирғизҳо ба сари мардум санг мезаданд ва вай ба муқобили онҳо санг андохт. Аммо ин санги онҳо то ба қирғизҳо рафта намерасид, чунки деҳаи онҳо аз деҳаи Чашма дар болотар воқеъ гаштааст.

— Вақте ки ҳокими собиқи вилоят Шӯҳрат Ғаниев гуфт, ки ба вай санг андохтаанд, ман гуфтам, ки марҳал мекнед, дуруст шуда меравад. Гуноҳи ман дар ана ҳамин асту бас, — гуфт Ойбек Оташов.

Вай афзуд, вақте ки дар ин сангар қариб сесад нафар ҷароҳат бардоштанд ва ҳатто як қисми онҳоро тавассути чархболҳо ба шифохонаи марказии вилоят интиқол доданд, ҷони танҳо як нафар барои ҳама азиз шуд.

Ду нафари дигар низ гуфтанд, ки барои ҳимояи марзашон бо мардум пайвастанд.

Ёдовар мешавем, ки Шавкат Мирзиёев чанд моҳ муқаддам дар ҷараёни як ҷамъомади видеоӣ гуфт, ки бояд ба ноҳияи Сӯх таваҷҷӯҳи бештар дода шавад. Ба гуфтаи сарвари давлати Ӯзбекистон вазъияти вазнин дар ин ноҳия дирӯз ё имрӯз пайдо нашудааст, дар ин ҷо одамон аз бекорӣ ва шароити бад шикоят мекунанд.

Вай аз ноиби нахуствазир Раматов интиқод кард, ки бояд ҳафтае дар ноҳияи Сӯх зиндагӣ кунад ва бо зиндагӣ ва дарду доғи мардуми он ошно шавад.

— Минтақаҳои марзиро бояд рафта бубинӣ, ки обаш, ҷояш, амнияташ ба чи тарз аст. Баъд нахуствазир Абдулло Арипов ба он ҷо меравад ва аз рӯи ташхисҳо ба “дард”-и мардум даво меҷӯяд. Бубинем, ки он ҷо кайфияти мардум чи гуна аст ва онҳо аз чиҳо азият мекашанд, — иброз дошт Шавкат Мирзиёев.

Мурофиаҳои додгоҳии 22 нафар сокини ноҳияи Сӯх дар шаҳри Фарғона рӯзи душанбеи оянда идома хоҳанд кард.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори Фараж, шаҳри Фарғона

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here