Дар маркази ноҳияи Риштон биное қомат афрохт, ки як гӯшаи ин шаҳри куҳанро зебу зинат бахшидааст. Ин бино дар ояндаи наздик ба Хонаи дӯстии ӯзбекону тоҷикон табдил хоҳад ёфт.

Ҳокими вилояти Фарғона  Шӯҳрат Ғаниев ба ин шаҳр омад ва бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ошно шуд. Вай  ибрози хушҳолӣ кард, ки ин бинои пурнақшу нигор дӯстони зиёдро ба канор хоҳад пазируфт.

Вай гуфт, ки ӯзбекону тоҷикон аз қадим бо ҳам дӯсту бародаранд. Онҳо дар масири таърих рӯзҳои зиёди талху ширинро паси сар намудаанд ва аз ҳамон давраҳо то имрӯз маросимҳои хурсандиашон ҳаргиз бе иштироки якдигар намегузарад.

— Вақте маросими ифтитоҳи ин Кошонаи дӯстии ӯзбекону тоҷикон баргузор мегардад, дар он меҳмонони зиёд аз кишвари ҳамҷавори Тоҷикистон низ ширкат хоҳанд кард, — гуфт Шӯҳрат Ғаниев.

Баъд вай ин байти ӯзбекиро замзама кард:

— Дӯст билан обод уйинг, гар бӯлса ул вайрона ҳам,

Дӯст қадам қуймас экан, вайронадур кошона ҳам.

Яъне ҳар гуна бинову хона ва кушкро дӯст зинат мебахшад, кӯшке, ки ба он дӯст ташриф намеорад, ғайр аз вайрона чизи дигар нест.

Турсунхӯҷа Абдураҳмонов, яке аз равшанзамирони ноҳияи Риштон ва дар айни ҳол иҷрокунандаи мудири Хонаи дӯстии ӯзбекону тоҷикони Риштон дар суҳбат бо мухбири “Фараж” гуфт:

-Акнун боз як муддат лозим аст, ки дохил ва утоқҳои ин бинои боҳашамату зебо бо ҷиҳози зарурӣ таъмин карда шавад. Он гоҳ барои кушодашавӣ ва қабули меҳмонон комилан тайёр хоҳад шуд.

Дар маркази ин ноҳия як гурӯҳи сохтмончиён аз Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаву машғули сохтани бинои боғчаи бачагона буданд. Ба далели хуруҷи коронавирус ҳоло сохтмони ин бино ист кардааст, аммо корҳои асосии сохтмонӣ ба охир расидаанд.

Интизор меравад, ки моҳи сентябри соли равон маросими кушодашавии Хонаи дӯстии ӯзбекону тоҷикон ва боғчаи бачагон дар шаҳри Риштон баргузор хоҳад шуд. Дар ҳар сурат раванди воқеаҳо ба он низ бастагӣ доранд, ки сирояти бемории коронавирус дар ин марзу бум барҳам хӯрад ва сарҳадҳои баста дубора ба рӯи ҳамдигар кушода шаванд.

Ногуфта намонад, ки шаҳри куҳанбунёди Риштон макони адибону ҳунармандони маъруф мебошад. Аввалин Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон Муҳаммадҷон Қосимов маҳз зодаву парвардаи ҳамин шаҳр аст.

Риштонро ҳамчунин кулолонаш машҳури дунё кардаанд. Дар ин шаҳр корхонаҳои зиёди хусусӣ фаъолият мекунанд, ки ба истеҳсоли маҳсулоти кулолгарӣ машғуланд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, вилояти Фарғона, Ӯзбекистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here