Имсол 53 нафар хатмкунандаи мактабҳои таълимоти умумии ноҳияи Сӯх соҳиби шаҳодатнома ва медал гардиданд. Онҳо ба ин муваффақият барои хониши аъло ва интизоми намунавӣ ноил шуданд. Дар ин бора ба мухбири “Фараж” мудири шӯъбаи таълими халқи ноҳияи Сӯх Амирҷон Темиров иттилоъ дод.

— Дар байни ин хатмкунандагон 22 нафар шаҳодатномаи аъло ва медали тилло ба даст оварданд. 31 нафар хатмкунандагонамон соҳиби медали нуқра шуданд. Дар тӯли чандин сол бори аввал аст, ки ҳамаи аълочиёни мактабҳои ноҳияи мо ба гирифтани шаҳодатномаҳову медалҳо ноил гардиданд, — гуфт Амирҷон Темиров.

Вай афзуд, ки ба хатмкунандагон шаҳодатномаҳо ва медалҳо имкон фароҳам меоварад, ки бо супурдани танҳо як имтиҳон ба донишгоҳҳои дилхоҳи худ дохил шаванд.

Падидаи дигаре, ки ба ноҳияи Сӯх марбут аст, тақдими 500 гранти давлатӣ барои ҷавонон мебошад. Баъди ҳодисаҳои 31 май ва даргириҳо миёни сокинони деҳаи Чашмаи ноҳияи Сӯх ва деҳаи Чечмеи ноҳияи Қадамҷои Қирғизистон бо ҳидояти президент Шавкат Мирзиёев аъзои як ҳайати ҳукуматии ин кишвар  дар ноҳияи Сӯх ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ машғуланд.

Яке аз масъалаҳои мубрам ба таҳсилоти олӣ ҷалб намудани хатмкунандагони мактабҳои таълимоти умумӣ ва коллеҷу литсейҳои ин ноҳияи мардумаш тоҷиктабор мебошад. Ҳоло барои ба донишгоҳҳо дохил шудани ҷавонони ноҳияи Сӯх ҳукумат 500 квота ҷудо кардааст. Ин ҷавонон баъди супурдани имтиҳонҳои дохилшавӣ бар асоси гранти давлатӣ дар донишгоҳҳо таҳсил хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ҳоло теъдоди ҷавононе, ки аз ин ноҳия ба донишгоҳҳои Ӯзбекистон ҳуҷҷат супоридаанд, аз дуним ҳазор нафар гузаштааст. Интизор меравад, ки баъди имтиҳонҳои тестӣ холҳои баланди даъвогарони сӯхиро комиссияи қабул алоҳида баррасӣ мекунад ва 500 нафар бо гранти давлатӣ шомили донишгоҳҳо мешаванд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here