Тибқи хабарҳои расида, дар ноҳияи Сӯхи Ӯзбекистон 12 нафар барои ширкат дар беназмиҳои оммавӣ боздошт ва ба маркази вилоят истирдод шудаанд. Гуфта мешавад, онҳо афроде мебошанд, ки зимни даргирӣ бо қирғизҳои ҳамсоя ба намояндаи ҳокимияти давлатӣ ва ходимони ниҳодҳои интизомӣ муқовимат нишон додаанд. Ҳамаи онҳо тавассути чархбол аз ноҳияи Сӯх ба маркази вилоят истирдод шудаанд.

Бори аввал 19-уми август Давлатҷон Маллаев ном сокини ин ноҳия ба ҳабс гирифта шуда буд. Вай ба иттиҳоми ширкат дар беназмиҳои оммавӣ ва муқовимат ба намояндаи ҳокимият ва шахсоне, ки қарзи шаҳрвандии худро иҷро мекарданд, ҳоло дар боздоштгоҳ ба сар мебарад.

Ёдовар мешавем, ки 31-уми майи соли равон байни сокинони деҳаҳои ҳаммарзи Чашмаи ноҳияи Сӯх ва Чечмеи ноҳияи Қадамҷои Қирғизистон задухӯрд ба амал омад. Далел ин будааст, ки сокинони ноҳияи Сӯх тӯли асрҳои зиёд барои нӯшидан ва обёрии киштазорони худ аз оби чашма истифода мекарданд, вале  дар айни ҳол қирғизҳои ҳамсоя оби ин чашмаро комилан моли худ кардаанд ва пеши роҳи онро бастаанд.

Ба гуфтаи яке аз шоҳидони ҳол, як гурӯҳ сокинони деҳаҳои фаромарзӣ барои тоза кардани ҷӯи об ба деҳаи Чашма омадаанд. Вақте ки кор авҷ мегирифт, се-чор нафар сокини деҳаи Чечма, ки маълум мешуд, шароб нӯшидаанд, ба масхара кардани ин сокинони Сӯх шурӯъ кардаанд.

— Онҳо мегуфтанд, “Ин ҷӯро барои чӣ тоза мекунед, мо дигар ба шумо оби ин чашмаро намедиҳем”. Ҳарчанд одамони мо аввал ба ҳассосият дода нашуданд, вале тамасхури онҳо шиддат гирифт ва кор аз гаппаронӣ кор ба занозанӣ гузашт, — мегӯяд ин шоҳиди ҳол.

Ба ин тартиб, қирғизҳо болои онҳо сангпартоиро шурӯъ кардаанд ва аз ҷавонмардони сӯхӣ низ чанд нафар ба онҳо бо сангпарронӣ ҷавоб додаанд ва ин кор баъди чанд лаҳза доман фарох намудааст.

Ногуфта намонад, ки баъди чанд лаҳза ду ҳавлии сокинони деҳаи Чашма ба коми оташ рафтааст. Гуфта мешавад, мардум медиданд, ки ин кори дасти ҳамсояҳои онҳост. Баъд ҳар кадоми ҷӯйканҳо дар даст телефонҳои мобил доранд. Онҳо ба дӯстону наздикони худ хабар додаанд ва ин низоъ доман фарох кардааст.

Дар даргирии 31 май наздики 300 нафар сокини ноҳияи Сӯх захм бардоштаанд. Теъдоди онҳоро ҳокимияти ноҳияи Сӯх 187 нафар гуфтааст. Аз ҷониби муқобил 25 нафар захмҳои сабук бардоштаанд. Онҳо аз баландӣ истода ба поён санг партофтаанд.

Ҳоло ба 6 сокини ноҳияи Сӯх тибқи моддаҳои 219 ва 244-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон айб эълон шудааст. Онҳо дар муқовимат бо вакилони ҳокимият ва шахсоне, ки қарзи шаҳрвандии худро иҷро мекарданд, ҳамчунин, барои ширкат беназмиҳои оммавӣ айбдор хоҳанд шуд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here