Фардо дар Варзишгоҳи маркази шаҳри Ҳисор бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2019 байни дастаҳои «Кӯктош» (ноҳияи Рӯдакӣ) ва «Истиқлол»(Душанбе) баргузор мешавад.
Дар бозии якуми нимниҳоии Ҷоми ФФТ-2019 дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ 3 март дар нимаи аввали рӯз бар дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 3 бар 1 пирӯз шуд. Дар бозии дуюми нимниҳоӣ, ки нимаи дуюми дирӯз доир гашт, «Истиқлол» дастаи «Душанбе-83»-ро бо ҳисоби 5:0 мағлуб кард.
Вохӯрӣ барои ҷои сеюм нимаи аввали рӯзи 5-уми март барпо мегардад, ки дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Душанбе-83» мубориза мебаранд. Нимаи дуюми ҳамон рӯз ҳаводорони футбол шоҳиди бозии финалӣ байни дастаҳои «Кӯктош» ва «Истиқлол» хоҳанд шуд. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 14:00 оғоз мешавад.
Ин дастаҳо дар чорфинали ҳамин мусобиқа бо ҳам бозӣ крад буданд ва «Истиқлол» бо ҳисоби 2:1 бар «Кӯктош» ғалаба карда буд. «Истиқлол» чор маротиба соҳиби ин ҷом шудааст, аммо «Кӯктош» то ҳол ба финали ин мусобиқа набаромад буд.