Пиромуни шахсият, рӯзгори шахсӣ, фаъолияти кории Суҳроб Шарипов зиёд гуфтаанду навиштаанд ва фикр мекунам ҳоҷат ба такрор нест. Фақат мехоҳам ба нақши ин сиёсатмадори нотакрор дар васоити ахбори омма чанд андешаи худро баён намоям.
Агар хато накунам, аввалин мусоҳибаи ошкорои Суҳроб Шарипов бо журналист Абдуқаюми Қаюмзод дар ҳафтаномаи “Фараж” нашр шуда буд. Мусоҳиба ба ҳадде ошкоро парда аз рӯйи баъзе мушкилоти доираҳои боло, махсусан масъалаи кадрҳо ва пулакишавии роҳи Душанбе-Хуҷанд мебардошт, ки новобаста аз директори Маркази тадқиқотии стратегии назди Президенти ҶТ будани мавсуф, пеш аз нашри он ба андеша афтидем: Мусоҳибаро чоп кунем, ё не? Он ба сари мусоҳиб ва нашрия чӣ хоҳад овард?
Баъди андешаи зиёд тасмим гирифтем то мусоҳиба нашр шавад, аммо бо каме «нарм» кардани забони суҳбат.
Вақте баъди нашри мусоҳиба бо Суҳроб вохӯрдем, табассуми ширине карда, баланд хандиду (аҷаб хандаи зебое дошт, ки фақат ба худи ӯ мезебид!-Х.А) гуфт:
— Барои ман тарсидӣ, ё барои худат?
— Ё ҳарду! — посух додам ман.
Муҳимтарин нукта дар ин мусоҳиба ин буд, ки яке аз шахсиятҳои асосӣ дар «маслиҳатхонаи рӯйи коғаз»-и наздик ба шахси аввал ҳамон тавре меандешид, ки мо меандешидем, ҷомеа меандешид, як шахси мустақил меандешид ва нуқтаи назари вай барои мо комилаи ғайричашмдошт буд. Суҳроб ба ҳадде ошкоро аз мушкили ҷомеа, хатари пешорӯ аз ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо мегуфт, ки ҳар касе ин суҳбатро мутолиа мекард, бовар дошт, ки аз мансаб гирифтани директор дар наздиктарин фурсат, амри табиӣ хоҳад буд! Воқеан ҳам, Суҳроб Шарипов аз ин вазифаи масъул рафт, вале чуноне аксар нигарон буданд, «душмани идеологӣ» эълон нашуд, балки ба ҳайси вакили парлумон фаъолияташро идома доду рӯшодгӯии ӯ дар парлумон ва ВАО ба амри маъмулӣ табдил ёфт.
Ҳарчанд номбурда мавқеи ҲХДТ-ро ҳамеша пуштибонӣ мекард, вале аз гуфтани камбудиҳои ҷойдошта, намеҳаросид.
Назари Суҳроб Шарипов дар ҳама масъала, аз қазияи халабонҳои рус сар карда, то ба пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон, аз пойгоҳи назоратии «Окно» то ба имтиёз додан ба баъзе аз ширкатҳои тиҷоратӣ дар кишвар, фарқ мекард.
Ҳамеша дар андешаҳои вай нуктае буд, ки хонанда водор мешуд, то онро қабул кунад ва ҳар ду ҷониби масъала ба риштаи таҳлил кашида мешуд.
Он солҳо Суҳроб Шарипов, Шукурҷон Зуҳуров, Сайфулло Сафаров, Мӯсо Асозода ва чанд нафари дигар аз ангуштшумор таҳлилгарони ба истилоҳ «ҳукуматӣ» буданд, ки аз хабарнигорони нашрияҳои мустақил натарсида, бо онҳо суҳбат мекарданд. Расонаҳо ҳам ба ҳадди ифрот аз назари онҳо истифода ва назарашонро нашр мекарданд. Сабаби ин «ифрот» он буд, ки дигар касе аз намояндагони ҲХДТ ё парлумон ба қавле «гурда» надошт, то аз камбудиҳо ошкоро гӯяд, махсусан, ба хабарнигорони нашрияҳои мустақил.
Марги Суҳроб аз бузургтарин фоҷиаҳо буд ва натанҳо нақши сиёҳи худро ба аҳли оилаи вай, ба парлумони кишвар, ба ҷомеа гузошт, балки барои расонаҳои мустақил ҳам холигоҳи даҳшатнокеро боқӣ гузошт. Баъди марги вай аз миёни вакилони парлумон, фраксияи ҲХДТ кӯҳҷигаре пайдо нашуд, то мисли вай ошкорою ҷасурона, мустақилонаю оқилона аз мушкили ҷомеа гӯяд. Аз «оқ» шудан, ба сояи фаромӯшӣ рафтан натарсад.
Парлумони нав ҳам интихоб гардид, вале касе Суҳроб нашуд.
Шоири бузурги миллат Лоиқ Шералӣ, ки ӯ ҳам барвақт аз ҷаҳон рафт, дар ҷое чунин мегӯяд:
Фалак фарзонагонро куштанат чист?
Ҳама якдонагонро куштанат чист?
Ту худ девона кардӣ оқилонро,
Пас аз девона кардан, куштанат чист?
Ҷойи ӯ то абад, барои ҳар касе ки ӯро мешинохт, холист…
P.S. Имрӯз агар Суҳроб Шарипов бо мо мебуд, ба синни 57 қадам мегузошт. Равонаш шод бод!
Дар ин оӯзҳои ниҳоят душвор аз Падари муаззам илтиҷо мекунем, ки ҳамаи девонагони касалхонаи Куктошро аз касалхона ба хонаҳояшон ҷавоб диҳанд. Озодӣ барои ҳамаи девонагон мақсаду мароми мост!!