Дар доираи амалишавии марҳилаи дуюми лоиҳаи «Барқароркунии роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода», қитъаи роҳ аз мавзеи пешини пайкараи Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе, дар буриши роҳи ҳалқавии маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе бунёди боз як эстакадаи сесатҳа тибқи нақша ҷараён дорад.
Эстакадаи мазкур аз роҳи давродавр ва пул иборат буда, дар буриши ҳалқавии хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Абуалӣ ибни Сино ҷой мегирад. Ҳамчунин дар қисмати шимоливу ҷанубии буриши кӯчаи Сино гузаргоҳҳои зеризаминӣ сохта мешаванд. Тибқи қарордод, иншоот моҳҳои апрел–майи соли 2020 бояд мавриди истифода қарор гирад.
Инчунин сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Нусратулло Махсум бо кӯчаи Маяковский, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Нусратулло Махсум бо кӯчаи Баҳоваддинов ва таҷдиди роҳу гузаргоҳи зеризаминии маҳаллаи Қарияи Боло то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе дар назар аст.
Фармоишгари иншоот Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои Вазорати нақлиёт ва паймонкори лоиҳа ширкати синзянии сохтмони роҳҳои «Xinjiang Communications Construction Group Co., LTD»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.
Айни ҳол 182 сутунпояи эстакадаи мазкур насб гардида, корҳои оҳану бетонии пули дусатҳа дар буриши хиёбони Нусратулло Махсум бо кӯчаи Маяковский 50 дарсад ба охир расидаанд. Аз 96 сутунпояи пули буриши хиёбони Нусратулло Махсум бо кӯчаи Баҳоваддинов 16–тояш васл гардидааст. Ҳамчунин, гузарондани барқи 10-киловатта ва васли обпарто қисман иҷро гашта, миқдори корҳои бетонӣ зиёда аз 70 метри мукаабро дар бар мегирад. Дар маҷмӯъ дар масоҳати зиёда аз 20 метри мукааб корҳо ба анҷом расидаанд.