Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафт.

Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд қитъаи роҳи мошингарди “Деҳмой-Меҳробод-Маданият”-ро пас аз навсозии пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Қитъаи мазкур дар доираи Лоиҳаи “Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ” (таҷдиди роҳи мошингарди Хуҷанд — Исфара) навсозӣ шудааст. Масофаи умумии қитъаи роҳи мошингарди “Деҳмой-Меҳробод-Маданият” 17 километрро дар бар гирифта, паҳноии он аз 8 то 16 метрро ташкил медиҳад.

Зимни шиносоӣбо роҳи мошингарди дорои 2 хати ҳаракат маълум гардид, ки корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла омода намудани қабати поёнӣ ва болоии роҳ, қубурҳои обгузар ва мумфарш кардани он дар ду қабат мувофиқ ба талаботи байналмилалӣ анҷом дода шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Деҳмой-Меҳробод-Маданият, ки дар татбиқи яке се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари таранзитӣ замина мегузорад, моҳи июни соли 2016 оғоз гардидааст.

Дар доираи таҷдиди қитъаи роҳи мошингарди “Деҳмой-Меҳробод-Маданият” 6 пул бо иқтидори борбардории 80 тонна, аз ҷумла 2 пул таъмиру таҷдид ва 4-тои дигар пурра аз нав бунёд гардидааст.

Масофаи умумии купрукҳои навсохташуда ва таҷдидшуда дар қитъаи роҳи Деҳмой-Меҳробод-Маданият зиёда аз 160 метрро ташкил дода, ҳар яки он дар доираи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд карда шудааст.

Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин қитъаи роҳ давоми ду сол беш аз 120 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд. Дар доираи лоиҳаи таҷдиди ин роҳи мошингард ба масофаи 9600 метри мураббаъ роҳҳои пиёдагард мумфарш ва 2000 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here