Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохиилӣ аз чанд даъво хабар дод, ки оқибати он бо кордкашӣ ва захмӣ шудани тарафҳо анҷом ёфтааст. Дар ин як муноқиша бародар ба ҷони бародар афтода, яке ба дигаре бо бераҳмӣ корд задааст, дар дигаре зане ба зани дигар бо корд ҳамла кардааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 44-солаи сокини маҳаллаи Донакӯҳи ноҳияи Спитамен ҳамчун гумонбар дар сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шудааст. Номбурда, рӯзи 27-уми июли соли 2019, тахминан соати 22:00, дар назди бинои истиқоматиаш бо бародари 43-солааш, ки пеш бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, машрубот истеъмол карда, даъво роҳ андохтааст. Аз сари мастӣ аввалӣ бо корд бо мақсади куштан 16-маротиба ба аъзои бадани дуюмӣ задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст. Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32, қисми 3, 104, қисми 1- Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 27-солаи сокини кӯчаи Испечаки пойтахт муроҷиат кардааст, ки рӯзи 26-уми июли соли 2019 ҳангоми дар назди хонаи истиқоматиаш қарор доштан зани 34-солаи сокини кӯчаи мазкур аз ҳиссиёти авбошӣ ӯро латукӯб карда, бо корд 1 маротиба ба дасташ задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Ҳамчунин, 27-уми июли соли 2019, тахминан соати 15:30 шахси номаълум дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо ноболиғ, писарбаччаи 16-солаи сокини ноҳияи мазкур даъво карда, бо корд 1 маротиба ба шикам ва 2 маротиба ба рони пояш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа, ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 22-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Навободи ҳамин ноҳия, бо гумони авбошӣ дастгир гардида, далели шайъӣ гирифта шудааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here