Ҳукумати вилояти Мангистауи Қазоқистон хонаводаҳои оралманҳо, яъне қазоқҳои бозгаштаро, ки дар ҳоли ҳозир, дар маркази мутобиқшавӣ ва ҳамгироии шаҳри Актау зиндагӣ доранд, барои пардохт накардани қарзи хидматрасониҳои коммуналӣ ба додгоҳ кашидааст.

Мурофиаи ахир дар доираи парвандаи мазкур 8 ноябр дар суди Актау баргузор шуд. Ҷониби ҷавобгарро 7 хонавода — қазоқҳои аз Эрон ва Ӯзбекистон баргашта ташкил медиҳанд. Ин ниҳод тасмим дорад, ки ҷамъан 142 хонаводаро ба ҷавобгарӣ кашад.

Хадамоти коммуналии Актау талаб дорад, ки ин хонаводаҳо аз хобгоҳ берун ва пули қарзи хидматрасониҳо, ки аз 200 ҳазор то ним миллион танга аст, ситонида шавад.

Бозгаштаҳо мегӯянд, агар барои хидматрасонии коммуналӣ аз онҳо сари вақт ва ҳар моҳ пул талаб мешуд, имрӯз онҳо бо ин мушкил рӯбарӯ намешуданд. Чанд тан аз онҳое, ки дар назди бинои суд ҷамъ омада буданд, гуфтанд, тавони пардохти ин маблағро ва ҳам ҷойи дигаре барои рафтан надоранд.

Ҳуқуқшиноси Хадамоти коммуналии Актау Нурбибӣ Мереева мегӯяд, бар пояи фармони вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон аз 22 ноябри соли 2013, ин хонаводаҳо ҳақ доштанд, ки дар хобгоҳ то 6 моҳ, яъне, то анҷоми муҳлати мақоми «оралманӣ» зиндагӣ кунанд. «Дар ҳоли ҳозир, дар буҷаи мо маблағ вуҷуд надорад. Агар оралманҳо хобгоҳро холӣ кунанд, аз онҳо пул талаб нахоҳем кард», — афзуд Мереева.

Суди Актау баррасии парвандаи бозгаштаҳоро ибтидои моҳи октябри соли равон оғоз кард ва мурофиаи навбатӣ қарор аст, 17 ноябр баргузор шавад. Маркази мутобиқшавӣ ва ҳамгироии оралманҳо соли 2010 барои 200 хонавода бунёд шудааст. Дар ҳоли ҳозир, дар он дар баробари хатмкардаҳои кӯдакистонҳо қазоқҳое зиндагӣ доранд, ки аз Эрон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва кишварҳои дигар ба ватан баргаштаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here