Валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд рӯзи якшанбе, 26 ноябр эълом кард, ки эътилофи зиддитеррористии исломӣ ба кори худ шуруъ намуд. Ба ҳайати эътилоф расман 41 кишвар шомиланд.

Шоҳзода дар шаҳри Риёз гуфтааст, ин эътилофи низомӣ ба созмонҳои террористие, ки дар кишварҳои минтақа фаъол буданд, ҳушдори ошкоро ва ҷиддӣ аст. Дар мулоқот вазирони дифоъ ва коршиносони масоили низомии кишварҳои узви эътилоф ҳам иштирок варзидаанд.

Ҳампаймонон мехоҳанд, дар доираи ин эътилоф имкониятҳои моливу сиёсӣ ва низомии худро барои мубориза бо терроризм ба ҳам оранд.

Ба иттилои расонаҳои хориҷӣ, ба эътилофи мазкур аслан кишварҳои суннимазҳаб шомиланд. Дар миёни онҳо Эрон, Ироқ ва Сурия нестанд. Қатар, ки пештар дар он иштирок дошт, ҳоло ба далели таҳрими як қатор кишварҳои арабӣ ҳузур надорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here