Соли гузашта сокинони ноҳияи Панҷ ва шаҳрҳои Бохтару Кулоб, ки ноқилҳои телефонҳои симиро дуздида буданд, дастгир шуданд.
Сардори филиали ҶСК «Тоҷиктелеком»-и минтақаи 1 ва вилояти Хатлон дар вилояти Хатлон Суҳроб Ғоибов зимини нишасти хабарӣ гуфт, маблағи ноқилҳои дуздидашуда беш аз 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Манбаъ афзуд, ки дуздии ноқил дар шаҳри Бохтар 3 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Панҷ 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ 35 ҳазор сомонӣ ба «Тоҷиктелеком» зарар оварда шудааст.
Дар нишаст гуфта шуд, ки қарзи ташкилоту идораҳо дар назди «Тоҷиктелеком» беш аз 4 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки аз он 1 миллионаш карзҳои корхонаҳои буҷетӣ мебошад.
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев