700 метр ноқилҳои «Тоҷиктелеком»-и вилояти Хатлонро дар шаҳри Бохтар шахсони номаълум чанд рӯз қабл ба яғмо бурдаанд.
Дар ин бора сардори филиали ҶСК «Тоҷиктелеком»-и вилояти Хатлон Суҳроб Ғоибов зимни нишасти матбуотиаш хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, аз тарафи шахсони номаълум 700 метр ноқилҳо дар шаҳри Бохтар дуздида шудаанд, ки маблағи зарари он 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ин шахси масъул қайд намуд, ки барои дастгир намудани дуздони ноқилҳо 4 мактуб ба унвонии шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Бохтар ирсол карда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here