Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур дар натиҷаи як чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гурӯҳи ҷавононро дастгир кардаанд, ки дар нимашабӣ даст ба ҷинояти дуздӣ задаанд. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.

Инҳо шаҳрвандон Раҷабзода Маҳдӣ, соли таваллудаш 1994, Хонов Анушервон, соли таваллудаш 1999, Зайниддинов Аминҷон, соли таваллудаш 2000, истиқоматкунандагони кӯчаи Испечаки шаҳри Душанбе ва Хуршед ном шахс, ки айни замон дар ҷустуҷӯи ҷиноятӣ қарор дорад, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудаанд.

Муайян гардидааст, ки номбурдагон шаби 24-уми сентябри соли равон бо маслиҳати пешакӣ вориди дукони заргарии шаҳрванд Саидов Суҳайлӣ, воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониш, гардида, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногунро тасарруф кардаанд. Гумонбарони ин ҷиноят бо содир намудани ин кирдор ба соҳибмулк ба миқдори 105 ҳазор сомонӣ зарар расонидаанд.

Айни замон нисбати ин гумонбарон бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here