Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон маъмурияти корхонаи ҶДММ “Ҳуаҷиян Ғаюр Индастриал” муроҷиат намудааст, ки шаби 9-ум ба 10-уми сентябри соли 2017, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди корхонаи мазкур шуда, аз он ҷо 1 адад муҳаррики тамғаи “Хуалей”, ки арзишаш 7370 сомониро ташкил медиҳад, дуздидаанд.

Ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 30-сола ва 29-солаи сокинони ноҳияи Ёвон, ки дуюмӣ посбони корхонаи мазкур мебошад, бо гумони дуздӣ дастгир карда шуданд.

Ҳамчунин аз ҷониби кормандони милитсия марди 58-солаи сокини деҳаи Заркамари ноҳияи мазкур, корманди ҳамин корхона ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ, дастгир карда шудааст. Номбурда шаби 13 ба 14-уми сентябри соли 2017, бо роҳи пинҳонӣ вориди корхонаи мазкур шуда, аз он ҷо 1-адад муҳаррики тамғаи “Хуалей”, ки арзишаш 7370-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Айни замон, оид ба ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба мақомоти милитсия дар шаҳри Хоруғ марди 35-солаи сокини кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 17 ба 18-уми сентябри соли 2017, шахси номаълум автомашинаи шахсиаш тамғаи “Чанху”-ро, ки дар назди ҳавлии истиқоматиаш бе назорат меистод, ғайриқонунӣ ронда бурдааст. Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия навраси 18-солаи сокини ноҳияи Роштқалъаро бо гумони ғайриқонунӣ рондани воситаи нақлиёти мазкур дастгир кардаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here