Маркази матбуоти ВКД ҶТ аз чанд ҳолати дуздии чорво аз заминҳои хоҷагии мардум хабар дод, ки яке дар рӯзи равшан аз ҷониби ҷавони 24-сола содир шудааст.

Ба мақомоти милитсия марди 45-солаи сокини ноҳияи Данғара муроҷиат кардааст, ки 5-уми ноябри соли 2018, тахминан соатҳои 13:00, шахсони номаълум аз заминҳои хоҷагии деҳқонии “Нурматов”, воқеъ дар ноҳияи мазкур 2 сар чорвои калони шохдорро, ки арзишашон 9000 сомониро ташкил медиҳад, дуздидааанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини ҳамин ноҳияро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир кардаанд.

Як сокини ноҳияи Балҷувон, низ ба милитсия дар хусуси чунин ҷиноят хабар додааст. 25-уми ноябри соли равон, тахминан соати 23:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи хоҷагии деҳқонии “Гургдара”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Балҷувон 3 сар чорвои калони шохдорро, ки арзиши умумиашон 7500 сомониро ташкил медиҳад, дуздидаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 51-солаи сокини ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here