Маркази матбуоти ВКД аз чанд дуздӣ ва дастгир шудани ғоратгарон дар чанд рӯзи охир хабар дод, ки дар байни онҳо навраси ноболиғ ҳам ҳаст.

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 55-солаи сокини ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри мазкур муроҷиат кардааст, ки шаби 28-уми феврали соли 2021, тахминан соати 01:30, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 2 говро дуздидаанд. Зарари расонидашуда 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 38, 31 ва 33-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Баҳор бо гумони содир кардани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудаанд.

Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Сомонӣ бо ариза марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат кардааст, ки 26-уми феврали соли 2021, тахминан соати 04:30, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба нуқтаи фурӯши телефонҳои мобилиаш, воқеъ дар кӯчаи Турсунзода даромада, аз он ҷо 10 адад телефонҳои гуногуни мобилиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 10 ҳазору 989-сомониро ташкил медиҳад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 244 ва 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шудааст, ки номбурда 26-уми феврали соли 2021, тахминан соати 04:20, бо роҳи пинҳонӣ ба нуқтаи фурӯши телефонҳои мобилии марди 33-солаи сокини пойтахт, воқеъ дар кӯчаи Турсунзода даромада, аз он ҷо 13-адад телефони мобилии гуногунро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаааст. Зарари расонидашуда 31 ҳазору 610 сомониро ташкил медиҳад.

Аз ҷониби кормандони милитсия мардони 29 ва 28-солаи сокинони ноҳияи Восеъ бо гумони содир кардани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудаанд. Номбурдагон, 27-уми феврали соли 2021, бо роҳи пинҳонӣ дар ҶДММ бозори “Корвон” аз нуқтаи савдои марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур лавозимоти рӯзгорро дуздидаанд. Зарари расонидашуда 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ба ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ бо ариза ҷавони 21-солаи сокини ҷамоати деҳоти Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён муроҷиат кардааст, ки 26-уми феврали соли 2021, тахминан соати 15:30, шахсони номаълум ба автомашинаи шахсиаш тамғаи «Опел-Астра» савор шуда, то ноҳияи Дӯстӣ киро карданд. Дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ автомашинаи ӯро ғайриқонунӣ идора карда, ба шаҳраки Гаравутӣ оварда бо роҳи зӯроварӣ автомашинаро гирифта ба тарафи номаълум ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Деҳқонобод ва ду марди 29-солаи сокини ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи мазкур бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шудаанд.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here