Дузде дар масҷиди Бобохӯҷаи шаҳри Хуҷанд аз ҷайби одамон пул рабудааст, ки аз ҷониби кормандони милиса дастгир шудааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.
Ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд аризаи марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки санаи 8-уми январи соли 2019, тахминан соати 13:30, ҳангоми дар дохили масҷиди ҷомеаи “Бобохуҷа” қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайбаш 1580 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳро, ки пеш бо моддаҳои 265 ва 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо ҷурми дуздӣ дастгир намуданд.
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.