Як нафари пеш судшуд бо истифода аз корд ба чони ноболиғи 10-сола таҳдид карда, пулу моли хонаро дуздидааст, аммо ба зудӣ дастгир шудааст ва бояд барои ин амалаш ҷавоб гӯяд.

Ба ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ ҷавони 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Бӯстони ноҳияи мазкур дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 13-уми сентябри соли 2018, тахминан соати 00:00, шахси номаълуми ниқобпӯши бо корд мусаллаҳ, ба хонаи истиқоматиаш даромада, бо корд писари ноболиғи 10-солааш таҳдид кардааст. Бо ин роҳ ин нафар 44.000 сомонӣ пул, 3 адад телефони мобилии тамғаҳои «Айфон-5», «ОППО» ва «Нокиа», ки арзишашон 2400 сомониро ташкил медиҳад, гирифта, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ, ки пеш бо моддаи 237-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир кардааанд.

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here