Маркази матбуоти ВКД аз боздошт шудани як ҷинояткор, ки солҳои навади асри гузашта даст ба дуздӣ зада, дар гуруҳи ҷиноятпешаи «Шайх» ба ғоратгарӣ машғул буд, хабар дод.

Дар хабар гуфта мешавад, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт, ки солҳои 1996-1997 аъзои гурӯҳи силоҳбадасти Иброҳимов Ёрибек, бо тахаллуси “Шайх” буд, ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, моҳи апрели соли 1998 бо роҳи зӯроварӣ ва таҳдид аз хоҷагии деҳқонии “Шамар”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак, 1 вагони ду ҳуҷрагиро тасарруф карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Айни замон вагони мазкурро бародараш ба манфиати хоҷагиаш истифода мебурдааст. Зарари расонидашуда 5000 сомониро ташкил дода, далели шайъӣ гирифта шудааст.

Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here