Дар ноҳияи Дӯстӣ бо харҷи 3 миллион сомонӣ боғи фарҳангиву фароғатие, ки солҳо боз ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд, азнавсозӣ мешавад.

Ҷурабек Идибекзода, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Дӯстӣ, гуфт, ки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Дӯстӣ аз рафти корҳои сохтмонии боғи фарҳангию фароғатӣ шиносоӣ пайдо кард. Иттилоъ дода шуд, ин макони сайру гашти оммавии сокинон аз рӯи лоиҳаи тасдиқшуда бо харҷи 3 миллион сомонӣ бунёд мегардад.

Ба гуфти ӯ, айни ҳол дар иншооти мазкур беш аз 30 нафар сохтмончӣ бо истифода аз техникаву механизмҳои сохтмонӣ ба кор банданд. Ҳудуди боғ 2,82 гаро дар бар мегирад, ки дар он бунёди фаввораҳо, гулгаштҳо ва насби чароғпояву нишастгоҳҳо дар назар аст.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулини ноҳияи Дӯстӣ дастур дода, ки барои зеботар шудани ин макон бинои фарҳанги ноҳия аз таъмир бароварда шавад ва иншооти ёрирасони ҳудуди боғ, ки аз аҳди шуравӣ ба мерос мондаасту корношоям мебошанд, дар шакли замонавӣ сохта шаванд.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки мутахассисон дар ҳудуди боғ масъалаи насби пояи парчам ва нишони давлатиро ба нақша гиранд.

Мудати ду даҳсалоа боз боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Дустӣ  ба як макони харобазор табдил ёфта буд. Акнун баъди ба  истифода додани боғи мазкур сокинони ноҳияи Дӯстӣ метавонанд, дар муҳити тозаву замонавӣ ба тафреҳ ва истироҳат машғул шаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here