Бемористони марказии ноҳияи Дустӣ аз соли 1980 то инҷониб аз оби нӯшиданӣ танқисӣ мекашид. Бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва созмонҳои хориҷӣ​ ин мушкил ҳал гардида,​ 9 шуъбаи бемористон​ бо об таъмин гардид.

Сардухтури бемористони марказии ноҳияи мазкур Ниёзмаҳмад Қурбонов гуфт, ки беморон солиёни сол аз об тозаи нӯшиданӣ танқисӣ мекашиданд. Ин мушкили онҳо чанде пеш ҳали худро ёфт ва бо маблағгузории созмони Intrahealth International America бо харҷи 110 ҳазор сомонӣ ҳамаи шуъбаҳои бемористон бо об таъмин шуданд, афзуд мусоҳиби мо.

Ба ҷуз ин утоқҳои кории бемористон бо дастгирии маъмурияти бемористон ва худи пизишкон таъмир мешаванд. Дар ҳамин ҳол, як қисмати бинои бемористон ва ошхонааш пурра таьмирталаб мебошад.

— Мушкили асосӣ дар мо норасоии мошини ёрии таьҷилӣ ва пизишкони силшинос аст, — қайд кард сардухтури бемористон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here