Барои таъмири муассисаҳои таълими дар ноҳияи Дӯстӣ аз ҳисоби буҷети ноҳия дар соли 2019 ҳамагӣ 472 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудаст, ки ин маблағ ба гуфти масъулони Раёсати ночиз аст.

Дар соли 2019 барои таъмири ҷории ташкилоту муассисаҳои  буҷетии ноҳияи Дустӣ  дар умум  аз ҳисоби буҷети ноҳия 600 ҳазор сомонӣ  пешбинӣ шудааст. Дар ин бора  сардори Раёсати молияи ноҳияи Дӯстӣ Ёрзода Раҳмидин ба хабарнигори “Фараж”иттилоъ дод.

Манбаъ гуфт,  барои таъмири муаассиаҳои таълимӣ ва кудакистонҳо 472 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидаааст, ки ин маблағи ночиз аст.

Ин дар ҳолест, ки волидони хонандагони муассисаҳои  таълимии ноҳия аз ҷамъоварии 15-25 сомонӣ барои таъмир шиква мекунанд.

Дар ҳамин ҳол масъулони муасссиаҳои таълимии ноҳия  низ гила аз он карданд, ки маблағҳои пешбинишуда барои таъмири мактабҳо дар марҳалаи чорум ба нақша гирифа шудааст ва гоҳе ҳамин маблағҳоро низ мо дастрас кардан наметонанд.

Вале далели дастрас накардани маблағҳои таъмири мактабҳоро Ёрзода Раҳмидин аз сабаби саривақт иҷро нашудани даромади буҷет арзёбӣ кард.

Дар соли 2018 барои таъмири мактабҳо 614 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуда буд, ки он пурра иҷро гардидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here