Аз ҷамъи умумии кӯдакони ноҳияи Дустии вилояти Хатлон ҳамагӣ 2,9 % ба муассисаҳои томактабӣ ҷалб карда шудаанд, дигарон дар орзуи кудакистонаанд.

Мудири шуьбаи маорифи ноҳияи Дустӣ Маҳмадшариф Холов гуфт, ҳоло дар ноҳияи Дустӣ 2 муассисаи томактабӣ фаьолият доранд, ки дар онҳо 324 кӯдак тарбия мегиранд.

Ба гуфти ӯ, ҳамчунин, дар назди 15 мактаби дигар марказҳои инкишофи кӯдак ташкил карда шудаанд, ки ба онҳо 392 нафар кӯдаки дигар ҷалб гардидаанд.

Дар ноҳияи Дустӣ ҳоло як кудакистони хусусӣ сохта шудааст, ки он рузҳои наздик бояд ба истифода дода шавад.

Ноҳияи Дустӣ 105 ҳазор аҳолӣ дорад ва шумораи кӯдаконе, ки бояд бо чунин муассисаҳои таълимӣ фаро гирифта шаванд, зиёд аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here