Аз ҷамъи умумии кӯдакони ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон каме бештар аз 830 нафарашон ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдакон ҷалб шудаанду боқӣ дар орзуи кӯдакистонанд.

— Дар ноҳияи Дӯстӣ айни замон ду муассисаи томактабӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо беш аз 322 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд,- гуфт Маҳмадшариф Камолов — мудири шуъбаи моарифи ноҳияи Дӯстӣ ва афзуд, ки айни ҳол дар назди 14 муассисаи таълимии ноҳияи Дӯстӣ марказҳои инкишофи кӯдакон ташкил карда шудааст, ки дар онҳо 514 кӯдаки дигар ба таълиму тарбия ҷалб шудаанд.

Гуфта шуд, ки бо дастгирии соҳибкорони ноҳия дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давалтии кившар ҳоло дар ноҳия ду муассисаи томактабӣ барои 92 нафар кӯдак бунёд шуда истодааст, ки баъди мавриди истифода қарор гирифтани онҳо фарогирии кӯдакон ба кӯдакистонҳо беҳтар хоҳад шуд.

Маҳмадшариф Камолов афзуд, ки «ҳоло дар ноҳия сохтмони беш аз 43 синфхонаи иловагӣ рафта истодааст ва баъди бунёди онҳо мо имкон пайдо мекунем, ки дар назди мактабҳо боз маркази инкишофи кӯдакон ташкил кунем».

Манбаъ гуфт, ки ҳарчанд дар ноҳия ду кӯдакистон мавҷуд аст, аммо кӯдакистони рақами як ба таъмир ниёз дорад.

Маҳмадшариф Камолов қайд кард, ки ҳам дар муассисаҳои томактабӣ ва ҳам дар марказҳои инкишофи кӯдакон айни замон 6 дарсади кӯдакони ноҳия ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд ва бо сохтани ду кӯдакистони дигар фарогирӣ то 10 дарсад расонида мешавад, ки ин кофӣ нест.

Роҳбари давлат дар яке аз Паёмҳояшон масъулинро муваззаф карданд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогирии кӯдакон ба кӯдакистонро то 30 дарсад расонанд, аммо то ҳол дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ҳамагӣ 6 дарсади кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдакон ҷалб шудаанду халос.

Танҳо масъулони ноҳияи мазкурро зарур аст, ки пайи иҷрои супориши Роҳбари давлат талош кунанд. Агар муҳимияти фарогирии кӯдакон ба кӯдакистонро дарк кунанд, ҳатман дар як соли оянда дар ин росто тадбирҳои муҳим рӯи кор меоянд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here