Аз 13-ум то 16-уми июн дар қисме аз кӯчаҳо хиёбони марказии шаҳри Душанбе ва шоҳроҳҳои кишвар барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдудият ҷорӣ мешавад, ки онро ба баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ дар пойтахт рабт медиҳанд.

ВКД хабар медиҳад, «дар ин рӯзҳо маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаву хиёбонҳои М. Мастонгулов, А. Дониш, С. Айнӣ, Рӯдакӣ, Сомонӣ, Теҳрон, Шероз, М. Турсунзода, У. Хайём, Ҳувайдуллоев, Ганҷавӣ, Карамов ва М. С. Алии Ҳамадонӣ, роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Турсунзода, Душанбе-Кӯлоб ва Душанбе-Лахш, ба роҳ монда мешавад».

Ин ниҳод барои маҳдуд сохтани ҳаракати нақлиёт дар ин масирҳо аз меҳмонон ва сокинони пойтахт маъзаратхоҳӣ карда, хоҳиш намудааст, ки шаҳрвандон дар ин муддат тавассути кӯчаҳои Зебуниссо, Дӯстии Халқҳо, Н. Муҳаммад, Лоҳутӣ, Адҳамов, Ғ. Валаматзода, М. Назаршоев, Бухоро, Бохтар, Академик Раҷабовҳо, Ҳ. Шерозӣ ва дигар роҳҳои таворавӣ (объезд) ҳаракат кунанд.

Ёдовар мешавем, тӯли 4 рӯз дар Душанбе ҷаласаи панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баргузор хоҳад гашт, ки дар он ҳайатҳои воломақоми 27 кишвари дунё ҳузур хоҳанд дошт.

Гуфта мешавад, барои иштирок дар кори нишаст президентҳои 12 мамлакат — Чин, Русия, Эрон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Бангладеш ва Шри-Ланка низ ба Душанбе ташиф меоранд.

Кишвари Афғонистонро дар ин ҷаласа нахуствазир Абдулло Абдулло намояндагӣ хоҳад кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here