Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ  бо як қарори худ аз 7 декабри соли 2018  дар назди шаҳрдории пойтахт Шӯрои рушди маориф таъсис додааст. Минбаъд ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ бо ҷоизапулӣ қадр карда мешаванд.

Ин иқдом   бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 2014 «Дар бораи Шӯрои миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба рушди зеҳнии кӯдак, оила, муассисаи таълимӣ ва ҷомеа роҳандозӣ мегардад.

Тибқи қарори дахлдор, масъулин дар ҳамкорӣ бо сохторҳои  марбута вазифадор гардиданд, ки барои  фаъолияти самарабахши Шӯрои рушди маорифи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  мусоидат намоянд.

Бо тасмими Рустами Эмомалӣ  минбаъд  ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва омӯзгорони онҳо ҳавасманд гардонида мешаванд. Ин иқдом бо мақсади ҳавасмандиву дастгирии моддии ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва омӯзгорони онҳо  роҳандозӣ мегардад.

Ғолибони ҷойҳои якум бо маблағи  1500 сомонӣ, дуюм бо маблағи 1000 сомонӣ,  сеюм бо маблағи 500 сомонӣ ва омӯзгороне, ки ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявиро аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе омода намудаанд, ҳар кадоме бо маблағи 2000  сомонӣ ҳавасманд гардонида  мешаванд. Бо ин мақсад  176 500 (як саду ҳафтоду шаш ҳазору панҷсад) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ба соҳаи маориф пешбинигардидаи шаҳри Душанбе  ҷудо мегардад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here