Дар шуури аксари мардум нақш бастааст, ки ҳар куҷое девор, панҷара ва ё садде нест, гӯё аз он ҷо гузаштан мумкин бошад, новобаста аз он ки гулзор аст, ё гандумзор.

Аз ин рӯ, ҳар ҷое, ки ниҳолаке шинонда, гулу сабза парвариш шавад, бояд ҳатман атрофаш маҳкам бошад, вагарна бадбахтона, зери пойи бархе аз сокинони бефарҳангу бемаданияти шаҳр хоҳанд шуд. Махсусан, агар мавзеи ободкардашуда наздик ба маконҳои серодам ва рафтуой бошад. Ин манзараҳо, ки дар рӯзҳои наврӯзӣ аз маҳалли бозори «Саховат»-и шаҳри Душанбе, аз роҳрави назди ошхонаҳои «Фазлиддин», «Наврӯз», «Сомониён» ва «Сафо» аксбардорӣ шуданд, шаҳодати гуфтаҳои боло аст. Ҳарчанд дар ин мавзеъ гузаргоҳҳои махсус барои пиёдагардон мавҷуд бошад ҳам, бархе аз роҳгузарон онро сарфи назар карда, ҳатман аз болои гулу сабзаҳо мегузаранд. Ин аст, ки кайҳо фасли баҳору ҷашни Наврӯз фаро расида бошанд ҳам, масъулин нисбат ба ободу зебо кардани ин мавзеъ бепарвоӣ зоҳир кардаанд. Шояд дуруст ҳам кунанд, зеро медонанд, ки фоидае надорад ва гулу сабзазори чунин маконҳо ҳатман поймол хоҳанд шуд.

Шояд дили ҳар як бинанда ба ҳоли ниҳолакони арча, ки кайҳо шинонда шудаанду қад намекашанд, бисӯзад. Ҷо-ҷо партову обҳои манъшудаи бадбӯй, сабзаҳои худрӯй ба назар мерасад. Ҷӯйбори бадбӯйи ин мавзеъ ҳам хеле дилбеҳузуркунанда аст.

1 бинависед

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here