Як нозири барқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҷониби се узви як хонавода дар кӯчаи Испечак-2, М-13, шадидан латукӯб шудааст. Нозирро бо ҷароҳатҳои вазнини кафидаи сару рӯй ва шикастани бинӣ ба шифохонаи маъруф ба “Қарияи Боло” расонидаанд. Ҳодиса бо нозири барқ Наврӯзи Қосим шоми панҷшанбеи 20-уми август дар минтақаи зери назораташ рух додааст.

Сардори шабакаҳои барқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Баҳром Сафаралиев дар шарҳи ҳодиса гуфт, воқеа пас аз он рух додааст, ки нозири барқ, барои напардохтани 900 сомонӣ маблағи истифодашудаи чандмоҳаи барқ, барқи мизоҷро хомӯш ва маблағро талаб кардааст. Ба гуфтаи Б. Сафаралиев, ин сабаб гаштааст, ки соҳибхона бо писаронаш нозирро ба хона дароварда, латукӯб кардаанд.

Пас аз бохабар гардидан аз воқеаи рухдода ба беморхона рафтем, то дар бораи воқеъияти ҳодиса шахсан бо ҷабрдида Наврӯзи Қосим суҳбат кунем, аммо мавсуф бо сабаби ҷарроҳӣ шудани бинӣ ва оризаҳои даҳону рӯй сухан гуфта натавонист.

Табиби шуъбаи гӯшу гулӯву бинии беморхонаи “Шифобахш” Собир Луқмонов, ки Н. Қосимро ҷарроҳӣ кардааст, гуфт, ҷабрдида, бо нишонаҳои шикастани бинӣ ва кафидаи пушти гӯш, тахминан соати 22-и шаби 20-уми август ба шӯъба ворид шудааст ва пас аз хабар додан ба мақомот, ӯро фавран ҷарроҳӣ кардаанд.

Аз маркази матбуоти ВКД, бо истинод ба муфаттиши ШВКД Сино-2, ки қазияро мавриди санҷиш қарор додааст, ба “Фараж” гуфтанд, ки ҳодиса шоми 20-уми август, дар пайи рафтори дағалона ва дашноми қабеҳ шунидани соҳибхона аз ҷониби нозири барқ, иттифоқ афтодааст.

“Нозири барқ дағалона рафтор карда, барқи соҳибхонаро қатъ кардааст. Соҳибхона кормандони Академияи миллии илмҳо аст ва чанде қабл ҳамсарашро аз даст дода будааст. Ӯ аз нозир хоҳиш кардааст, ки мусибат дорад ва якчанд рӯзи дигар сабр кунад, маблағро пурра пардохт мекунад. Ба ин нигоҳ накарда, миёнашон муноқиша бармехезад ва, ба гуфтаи соҳибхона, нозири барқ ҳамсари фавтидаашро дашному ҳақорат кардааст. Дар натиҷаи асабоният нозири барқро ба хона дароварда, ҳамроҳ бо писаронаш латукӯб кардааст. Айни ҳол ҷабрдида дар беморхона қарор дорад ва аз рӯи қазия тафтишот рафта истодааст”, — иттилоъ доданд аз ВКД.

Айни ҳол назари шахсии нозири барқи ноҳияи Сино Наврӯзи Қосим вобаста ба қазия маълум нест, зеро номбурда бо сабаби варами даҳону ҷарроҳии бинӣ дуруст ҳарф зада наметавонад. Қазияро пайгирӣ хоҳем кард.

1 бинависед

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here