Рӯзҳои 15 ва 16-уми январ дар Сафорати ҷумҳурии исломии Афғонистон дар шаҳри Душанбе “Намоишгоҳи ҳунарҳои дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон” баргузор гардид. Рӯзи аввал намоишгоҳ бо ҳузури сафирон ва дипломатҳои намояндагиҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ва масъулини идораву ташкилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Дар намоишгоҳ соҳибкорони афғон ва Иттиҳодияи занони тиҷоратпешаи афғон бо маҳсулоти ҳунарҳои дастии мардумӣ ва молу колои истеҳсоли Афғонистон иштирок доштанд. Беш аз 43 ширкати афғонӣ дар намоишгоҳ ҳузур дошта, зиёда аз 40 намуди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваҳои хушк ва тару тоза, аз қабили анор, себ, нок, нӯшокиҳои гуногуни истеҳсолӣ ва маҳсулоти ҳунарҳои дастии мардумиро ба намоишу фурӯш гузоштаанд. Ҳамчунин, навори имкониятҳои сармоягузорӣ дар Афғонистон аз ҷониби атташеи тиҷоратии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ба иштирокчиён намоиш дода шуд.

Сафири давлати исломии Афғонистон ҷаноби Муҳаммад Зоҳир Ағбар бо итминон гуфт, ки ташкили ин гуна чорабиниҳо метавонад ба нафъи равобити сиёсӣ ва тиҷоратии кишварҳо бошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here