Субҳи имрӯз дар таваллудхонаи рақами 3-и шаҳри Душанбе як модар 4 тифл — ду писару ду духтар ба дунё овард, ки табибон алҳол навзодонро дар шуъбаи эҳё таҳти назар доранд.

Таваллуди чоргоникҳо дар ҳолест, ки шаш сол қабл низ дар ҳамин зоишгоҳ модари тоҷик Гулшан Маҷнунова, тариқи ҷарроҳӣ, чор тифли солим ба дунё оварда буд, аммо ба фарқ аз шаш соли пеш навзодони мазкур дар ҳафтмоҳагӣ, тариқи бурриши қайсарӣ, ба дунё оварда шуданд.

Модари навзодон Сарвиноз Аскароваи 34-сола дар як суҳбати телефонӣ ба “Фараж” гуфт вазъи саломатияш хуб аст ва зери назорати табибон қарор дорад. Ӯ гуфт, қабл аз чоргоникҳо боз ду писарчаи дигар ҳам дорад, ки яке дар синфи 8-ум мехонад ва дуюмӣ 3,5 сол дорад. Модар гуфт, ҳануз тифлакони навзодашро надидааст.

— Аз вуҷуди чоргоникҳо моҳҳои аввали ҳомиладориям огоҳ шудам. Вақте бори аввал аз ташхис гузаштам, табибон гуфтанд, ки дар батнам чор дил метапад. Бовар накардам. Боз дар ду-се ҷои дигар ташхис кардам, он ҷо ҳам айни ҳамин гапро гуфтанд. Баъдан, то ба таваллухона омаданам, зери назорати табибони Маркази саломатии маҳалли зист қарор доштам. Бо мурури замон бузургтар шудани тифлакон дар батнам бароям хеле душворӣ пеш овард. Панҷ рӯз қабл ба таваллудхонаи рақами 3 омадем ва имрӯз ҷарроҳӣ шудам. Аз табибони меҳрубони ин даргоҳ хеле розиям, бахусус аз Рухсора Мардонова ва чанд тани дигар, ки алҳол аз ҳаяҷон исмашонро ба ёд оварда наметавонам, — гуфт модари чоргоникҳо Сарвиноз Аскарова.

Падари чоргоникҳо Далер Файзалиев зодаи шаҳри Бохтар буда, дар пойтахт иҷоранишин асту дар як ширкат фаъолият доштааст. Ӯ гуфт, таваллуди чоргоникҳо ӯро дар ҳолати ҳаяҷон қарор додааст ва назди даромадгоҳи таваллудхона аз субҳ барои дидор бо фарзандонаш лаҳзашуморӣ мекунад.

— Ростӣ, бо вуҷуди чанд бор аз ташхис гузаронидани ҳамсарам, бовар намекардам, ки чоргоник таваллуд мекунад. Ҳамааш ба хостӣ Худованд будааст. Барои саломатии модару навзодон ҳамеша даст ба дуо мебардорам, — гуфт Далер Файзалиев.

Духтури шуъбаи эҳёгарии навзодони таваллудхонаи рақами 3-и шаҳри Душанбе Фарида Кароматуллоевна дар суҳбат гуфт, ки навзодон норасид ба дунё омаданд ва алҳол дар шуъбаи мазкур таҳти назорати табибон қарор доранд. Номбурда вобаста ба вазъи саломатии навзодон тафсилоти бештар надод ва гуфт, маълумоти иловагӣ танҳо бо иҷозати роҳбарият ба даст меояд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли 2015 сокини шаҳри Душанбе Гулшан Маҷнунова дар таваллудхонаи шаҳрии рақами 3, тариқи буриши қайсарӣ, чор тифли солим — як писару се духтар ба дунё овард. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ба модари тоҷик фарзандонашро Фирдавсҷон, Хатича, Фотима ва Зуҳро ном ниҳод ва барои онҳо дар маркази шаҳри Душанбе манзили сеҳуҷрагӣ, бо тамоми ҷиҳози хона, туҳфа кард. Солҳои баъдӣ низ ҳолатҳои таваллуди чоргоник дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Файзобод ва шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шуда буд.

Акси тавзеҳӣ аз интернет

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here