Толори бузурги Китобхонаи милли кишвар 9-уми октябр макони баргузории Форуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон — омили рушди суботи ҷомеа” гардид.
Ҳамоиши мазкур дар доираи интихоб гардидани роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ба ҳайси сафири Созмони байналмилалии “Занони сиёсатмадори роҳбар” роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосии он баррасии ҳамаҷонибаи дастоварду мушкилоти занону бонувон дар кишвар арзёбӣ карда шуд.
Чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шуда, он бори нахуст таҳти сарпарастии сафири Созмони байналмилалии “Занони сиёсатмадори роҳбар” Раҳмон Озода Эмомалӣ дар Тоҷикистон доир гардид. Дар кори Форум масъалаҳои марбут ба занон, гаравиши занону бонувон ба омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, роҳҳои пешгирии занону бонувон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, хушунуту зуроварӣ дар оила, рушди фаъолияти соҳибкорӣ миёни бонувон ва дигар масъалаҳои мубрами вобаста ба занон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҳамоиш мазкур намояндаи доимии Созмони милали муттаҳид дар Тоҷикистон Пратибха Мехта иштирок ва суханронӣ кард. Масъалаи маърифати ҳуқуқии занону ҷавондухтар дар сархати маърӯзаҳои иштирокчиёни ҳамоиш қарор гирифт. Дар қисмати қабл аз оғози ҳамоиш муассисаҳои таълимӣ ва дигар корхонаҳои ватанӣ ҳунари дастии тоҷиконаи худро ба тамошо гузоштанд.