Аз рӯзи 6-уми октябр бо супориши бевоситаи раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мавзеъҳои сераҳолии шаҳри Душанбе ва бозорҳои шаҳр намоишу фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал ташкил карда шудааст. Ин намоиш-фурӯш аз ҷониби КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фӯруши маҳсулоти ниёзи аввалия” бо роҳбарии Хушбахтзода Фарух ба роҳ монда шудааст.

Дар ин намоиш-фурӯш нархи 1 халта орди 50кг истеҳсоли Қазоқистон 220 сомонӣ; 1кг шакар 6 сомонӣ; картошка 2,60 сомонӣ; пиёз 1,50 сомонӣ; сабзӣ 1,50 сомонӣ, равғани растанӣ 55 сомонӣ, биринҷ 1 кг  8,50 сомонӣ ва дигар маҳсулот бо нархҳои арзону дастрас пешниҳод карда шудаанд, ки аз он сокинони шаҳру мардуми ноҳияиҳои наздишаҳрӣ харидори карда, ба датандаркорони ин амали хайр дуову дуруди зиёдро арзонӣ доштанд.

Оё чунин амали хайрро Тоҷикматлубот, раёсатҳои дигар бозорҳои хусусӣ амалӣ карда наметавонистанд???

То ба кай чандин автомашинаҳои Точикматлубот мавзеъҳои барои савдо муносибро аз худ намуда, бо маҳсулоти идораи захираҳои шаҳри Душанбе ҳамёнҳои бетаги худро пур мекунанд?!

Саиди Ҳайдар

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here