29-уми апрел шабакаи барқтаъминкунии шаҳри Душанбе ба сокинон эълон карда буд, ки бо сабаби гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе аз кӯчаҳои пойтахт интиқоли барқ қатъ карда мешавад.
Имрӯз, 1-уми май, Шабакаи барқтаъминкунии шаҳри Душанбе дубора хабар дод,ки баъзе аз ноҳияҳои шаҳр бебарқ мемонанд. Аз соати 9:00 то 16:00 кӯчаҳои Санои ноҳияи Сомонӣ ва маҳаллаҳои Қазоқон, Бунёдкорон, Зафари ноҳияи Сино бебарқ мемонанд, омадааст дар хабари ин манбаъ.
Ба гуфтаи Шабақаи барқтаъминкунии пойтахт пас аз гузаронидани корҳои таъмиркунӣ барқро дубора пайваст хоҳанд кард.
Чанде қабл дар баъзе аз вилоятҳову шаҳрҳои ҷумҳурӣ барқ бинобар сабаби корҳои таъмириву азнавсозӣ қатъ гардида буд ва дар робита ба ин “Барқи тоҷик” гуфта буд, ки ягон маҳдудият ва камбуди барқ дар ҷумҳурӣ набуда, он корҳое ки анҷом мешавад, аз рӯйи нақша мебошанд.