Иштироки фаъолонаи манфиатгирони (баҳрабардорони) лоиҳаи ЮНИДО дар Тоҷикистон, ки таҳти бренди «LA’AL Textiles» муттаҳид шудаанд, қариб  дар ҳама намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳои калонтарини ҷумҳурӣ, инчунин пешбурди  муштараки маҳсулот дар шабакаҳои иҷтимоӣ  талаботи мунтазам афзояндаро барои ҳама намудҳои маҳсулоти ин бренд дар бозори дохилӣ таъмин намуд. Дар тӯли мавҷудияти худ  бренд харидорони худро, ки шавқу ҳаваси онҳоро бо иштирок дар ярмаркаҳои мавсимӣ қонеъ гардонидан ғайриимкон аст, пайдо намуд, бинобар ин зарурати ташкили чунин як мағозаи доимоамалкунанда кайҳо боз ба миён омада буд.

Ҳамин тавр, 15 марти соли ҷорӣ  дар пойтахти Тоҷикистон, дар толори  меҳмонхонаи «Душанбе» аввалин мағозаи доимоамалкунандаи ширкати «Гулдастон» кушода шуд, ки дар он минбаъд тамоми навъҳои маҳсулоти «LA’AL Textiles», махсусан қолинҳои дастии «eco-friendly», маснуоти (матоҳои) хонагӣ ва ороиши дохилӣ, лавозимоти занонаи матогин ва чармин, инчунин маҳсулоти тӯҳфагию  заргарӣ пешкаш карда мешавад. Акнун барои меҳмонони пойтахт интихоб кардани савғотӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ  барои худ ва наздикон (ҳамчун ёдоварӣ аз Тоҷикистони офтобӣ) осонтар мегардад.

Дар маросими ифтитоҳи мағоза намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, доираҳои дипломатӣ ва тиҷоратчиён, инчунин ташкилотҳои байналмилалии дар миқёси ҷумҳурӣ фаъолияткунанда ширкат варзиданд.

Дар сухани ифтитоҳии худ муовини раиси шаҳри Душанбе Дилшод Одиназода  манфиатгирони (баҳрабардорони) лоиҳаи ЮНИДО-ро табрик карда, қайд намуд:

«Мо бо камоли хурсандӣ ин ташаббусро дастгирӣ менамоем, зеро тавре мебинем, ширкатҳои истеҳсолии «LA’AL Textiles» дар ин муддати кӯтоҳ муваффақиятҳои зиёдеро ба даст оварданд. Имрӯз шаҳр ба истеҳсоли маҳсулоти босифат ва ҷойҳои нави корӣ ниёз дорад, алалхусус дар байни занҳои ҷавон. Тавре ки маълум аст, ин намуди тиҷорат натанҳо фаъолияти соҳибкорони шаҳриро дарбар мегирад — дар ҷараёни истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва қолинӣ истеҳсолкунандагони ашёи хоми аввала низ аз минтақаҳои гуногуни кишварамон фаъолона ҷалб карда мешаванд, аз ин рӯ дастгирии чунин ҳамкориҳо барои мо афзалиятнок мебошад. Мо ба корхонаҳоямон бурдбориву муваффақиятҳо таманно дорем, минбаъд ба ҳамкории пурсамар дар самти такмили ихтисоси кормандон ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар Душанбе умедворем».

Дар байни меҳмонони фахрии ин чорабинӣ ҳамсари сафири Русия дар Тоҷикистон Елена Ахтямовна Лякина-Фролова низ ширкат дошт, ки барои табрикоти манфиатгирони (баҳрабардорони) лоиҳаи ЮНИДО бо ин дастоварди навбатӣ ташриф оварда буд:

«Бо камоли мамнуният мехоҳам баҳрабардорони лоиҳаи ЮНИДО-ро, ки маҳсулоти онҳо аз ҷониби Президенти мӯҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасвиб карда шуд, табрик намоям. Боиси хушнудист, ки Федератсияи Россия ба чунин  муваффақиятҳо ва натиҷаҳои олӣ, ки имрӯз ҳамаи мо шоҳиди он ҳастем, бевосита алоқаманд аст. Боиси хушнудист, ки корхонаҳо аллакай барои қолинҳои тоҷикӣ аз Аврупо фармоиш мегиранд ва ман мутмаинам, ки харидорони рус низ мехоҳанд ин маҳсулотро дар пешдӯконҳои мағозаҳои Русия бубинад. Мехостам ба шумо дар оянда муваффақиятҳо орзу кунам ва бори дигар таъкид намоям, ки халқҳои Русия ва Тоҷикистон бо риштаҳои мустаҳками дӯстӣ бо ҳам пайванд мебошанд».

Толори намоишии «LA’AL Textiles» бо ташаббуси ширкати «Гулдастон» ифтитоҳ гардид, ки баҳрабардори лоиҳаи ЮНИДО дар Тоҷикистон мебошад. Ин ақидаро дарҳол 20 баҳрабардорони дигар низ дастгирӣ намуданд, ки ин ҳамчун сатҳи нави ҳамкории байни ширкатҳо дар пешбурд  ва фурӯши маҳсулоти таҳти бренди умумӣ истеҳсолшуда қабул гардид. Сарвиноз Ҷунайдова, ҳамоҳангсози миллии техникии лоиҳаи ЮНИДО дар Тоҷикистон, дар ин бора дар баромади худ чунин қайд намуд:

«Лоиҳаи ЮНИДО дар Тоҷикистон, ки бо дастгирии молиявии Федератсияи Россия амалӣ карда мешавад, ба 21 ширкати баҳрабардори дар бахшҳои қолинбофӣ, гулдӯзӣ ва саноати бофандагии анъанавӣ фаъолияткунанда ёрии мустақими техникӣ ва мумайизӣ мерасонад. Ширкати «Гулдастон» дар як муддати кӯтоҳ тавонист  намунаи хуби  он гардад (нишон диҳад), ки натиҷаҳои модернизатсия ва беҳтаркунии рақобатпазирии дар доираи лоиҳа пешниҳодшуда то чӣ андоза самарабахш шуда метавонанд: ҳамагӣ дар давоми якуним сол  лоиҳа тавонист қолинбофии дастиро дар корхона эҳё кунад. Имрӯз ширкат дар самти иҷрои фармоиши калони қолинҳои дастӣ барои яке аз бузургтарин фурӯшандагони аврупоӣ — ширкати австриягии «Оpитоп» фаъолона кор бурда истодааст».

Сарвиноз  Ҷунайдова инчунин илова намуд, ки дар якҷоягӣ бо ширкати «Гулдастон» хати (растаи) нави маҳсулоти савғотии «eco-friendly» таҳия шудааст.

«Имрӯз мо бо ифтихор шуморо дар ифтитоҳи аввалин толори намоишӣ, ки намунаи баланди ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии баҳрабардорони мо дар истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, пешбурд  ва рушди муштараки он мебошад, истиқбол дорем», — гуфт Сарвиноз Ҷунайдова.

Кушодани толори намоишӣ бидуни ҳамкории пурсамари лоиҳаи ЮНИДО бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, мақомоти шаҳрдории Душанбе, меҳмонхонаи Душанбе ва эътимод нисбати ширкати «Гулдастон» имконнопазир буд.

Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Гулдастон» Шаҳлои Ватан барои дастгирӣ ба ҳамкасбон ва роҳбарияти лоиҳаи ЮНИДО дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуд: «Ба шарофати лоиҳаи ЮНИДО  имрӯз маҳсулоти мо ба тамоми стандартҳои байналмилалии сифат комилан мувофиқат мекунад. Мо ба оянда бо эътимод  менигарем ва боварии комил дорем (заррае шубҳа надорем), ки ба зудӣ маҳсулоти мо дар бозорҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи худро ишғол хоҳад кард».

Пас аз ба охир расидани қисми расмии ин чорабинӣ меҳмонон муддати дароз сари як пиёла чой оиди лоиҳаҳои муштарак, нақшаҳои ҳамкорӣ ва пешбурди маҳсулоти «LA’AL Textiles»  муҳокимаронӣ карданд. Ташрифи сокинони Душанбе, ки хабари ифтитоҳи ин толори намоиширо аз саҳифаҳои дӯстони худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ менамуданд, то бегоҳи дер давом ёфт. Бешубҳа, толори намоишии «LA’AL Textiles» — яке аз ҷойҳои ҳатмии диданӣ хоҳад гардид, ки дар он ҷо шумо метавонед бо ғановати фарҳанги тоҷикон ошно гардида, маҳсулоти баландсифату муосири саноати бофандагиро харидорӣ намоед.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here