Дар шаҳри Душанбе боз як ронанда, ки ғайриқонунӣ ба мусофрикашӣ машғул буду пиёдагардро дашному таҳқир ва ҳатто латукӯб кардааст, боздошт шуда ҷазои аъмолашро гирифтааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.
4 сентябр шаҳрванд Олимов Шаҳром Ҳусейнович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе, бо ирсоли наворе аз раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ хоҳиш кардааст, ки нисбати ронандаи автомашинаи мусофиркашоне, ки ҳамсараш — ҷавонзани 22-сола, соҳиби 1 фарзандро дар наздикии бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе мавриди латукӯб қарор дода, бо дашномҳои қабеҳ шаъну шарафашро дар назди ҷамъият паст задааст, чора андешад.
Бо супориши бевоситаи раиси шаҳр мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе вазифадор ва масъул гардиданд, ки ҳодисаи мазкурро пайгирӣ ва чораандешӣ кунанд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия субҳи 5 сентябр автомашинаи дар навор сабтгардида, тамғаи «Опел-Астра», аломати қайди давлатиаш 6792НА01-ро боздошт ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе оварданд. Зимни санҷиш муайян гардидааст, ки автомашинаи номбурда ба «қаҳрамони» дар навор зикргардида, шаҳрванд Олимов Рустам Ҳасанович, соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Назаршоев тааллуқ дошта, номбурда ҳангоми фаъолияти ғайриқонунии мусофиркашонӣ ва ҳаракат тариқи роҳи пиёдагарди назди бозори «Корвон» бар замми оне, ки ба ҷавонзани пиёдагард роҳ надодааст, боз аз автомашина фаромада нисбати ҷавонзани 22-сола бо алфози қабеҳ дашному ҳақорат дода, дар ҳузури атрофиён бо дастонаш ба ду тарафи рӯи ҷавонзан ду маротиба задааст.
Зимни пурсиши ҷавонзани муроҷиаткунанда ва ронандаи боздоштшуда ҳолати ҳодиса муайян карда шуда, ронандаи бадахлоқ ҳангоми додани баёнот барои содир намудани кирдорҳои ғайриахлоқиву ғайриҳуқуқиаш пурра иқрор гардидааст. Дар натиҷа нисбати ҳуқувайронкунанда бо дастрасии моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ирсол карда шудааст.
5 сентябр бо ҳукми Суди ноҳияи Фирдавсӣ барои кирдори майдаавбошӣ нисбати ҳуқуқвайронкунанда Рустам Олимов ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 12 шабонарӯз таъин ва ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда шудааст.
Илова бар ин, нисбати ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Олимов Рустам Ҳасанович барои бе гирифтани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ба мусофиркашонӣ машғул гардидан нисбати ӯ бо дастрасии моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чоруҷӯӣ ба мақомоти Суд ирсол карда шуд. Тибқи муқаррароти моддаи мазкур ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз 500 то 1000 сомонӣ ронандаро таҳдид мекунад.