Дар шаҳри Душанбе ронандае, ки аз тирезаи автомашина дасташро бароварда духтареро ламс кард, чун бадахлоқ дастгир ва чун майдаавбош муҷозот карда шуд. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.

12-уми август, тахминан соати 20:20, ҷавондухтари сокини пойтахт бо ирсоли муроҷиат ва нашри маводе дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз дағалрафтории як ҷавон, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лада», аломати қайди давлатиаш 0014 ЕС 01, шикоят карда, хостори андешидани чораи қонунӣ гардидааст.

Баъди нашри муроҷиат, бо супориши вазири корҳи дохилӣ барои муайян ва боздошт кардани ронандаи бадахлоқ милитсияи пойтахт сафарбар карда шуданд.

Ҳамагӣ баъди 1 соати нашри муроҷиат кормандони милитсияи пойтахт зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти ронандаи автомашинаи мазкурро муайян карда, ронанда ва автомашинаи зикргардидаро ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас кардаанд. Муайян карда шудааст, ки ронандаи бадахлоқ шаҳрванд Давлатов Заробиддин Иҳломиддинович, соли таваллудаш 16.06.1992, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ, деҳаи Навобод буда, соҳибмулки автомшаинаи тамғаи «ВАЗ-21014», аломати қайди давлатиаш 0014 ЕС 01, мебошад. Номбурда зимни пурсиш пурра ба амали содиркардаи худ иқрор гардида, иброз доштааст, ки дар ҳақиқат 12-уми август, тахминан соати 20:20, ҳангоми идора кардани воситаи нақлиёт дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе аз тирезаи автомашинаи худ дасташро бароварда, қисмати рони пои чапи ҷавондухтарро қапида, рафтори дағалона карда, ҳамзамон, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи ҷавондухтарро паст задаст.

Бо дарназардошти ҳолатҳои мазкур, нисбати шаҳрванд Давлатов Заробиддин бо дастрасии моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол карда шудааст. 13 август бо ҳукми Суди ноҳияи Сино барои кирдори майдаавбошӣ нисбати номбурда Давлатов Заробиддин ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъйин карда шуда, барои адои ҷазо ба Боздоштгоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе истирдод шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here