Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки бахшида ба 30-солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиду рангубори намои 2224 адад биноҳои истиқомативу маъмурии ҳудуди пойтахтро ба иҷро расонад.
Гуфта мешавад, ки аз ин 2224 бино алҳол рангубору таҷдиди намои 622 адад иншоот дар пойтахт ба анҷом расидааст. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ 76 адад, Сино 298 адад, Фирдавсӣ 115 адад ва Шоҳмансур 133 адад намои биноҳои истиқоматию маъмурӣ рангубор ва навсозӣ гардиданд.
Гуфта мешавад, ки шумораи аз ҳамаи зиёди биноҳои рангуборшаванда дар ноҳияи Сино ҷойгир шудаанд, ки теъдоди онҳо 1059 ададро ташкил медиҳад. Алҳол дар ин ноҳия рангубори биноҳо бо маром идома дорад.
Таъмиру таҷдиди намои биноҳо дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Айнӣ ва Дониш ба анҷом расидаанд.