Бо ташаббуси сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ва Маркази фарҳангии “Бохтар” аз 29-уми октябр то 2-юми ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҷашвораи дуюми Кинои Фаронса баргузор хоҳад шуд.
Мутассадиёни чорабинӣ аз сафорати мазкур дар суҳбат ба “Фараж” гуфтанд, даромад ройгон аст ва дар ин муддат ҳар бегоҳ аз соати 17:30 иштирокчиёни Фестивал метавонанд аз филмҳои бою рангини бадеӣ, тасвирӣ, драммавию мазҳакавии коргардонҳои фаронсавӣ лаззат баранд.
Ҳама филмҳо дар доираи Фестивал бо забони фаронсавӣ ё тоҷикӣ бо субтитри русӣ намоиш дода мешаванд.
Сафорати Фаронса дар Душанбе ба киностудияи “Тоҷикфилм” ва маркази фарҳангии “Бохтар” барои дастгирӣ дар баргузории Фестивал изҳори миннатдорӣ мекунад.
Барнома:
Сешанбе, 29 октябр: Мазҳака:
— Венсан – человек-амфибия без чешуи (2013), Том Сальвадор (бо тоҷикӣ)
Чоршанбе, 30 октябр: филми аниматсионӣ
— Король и Птица (1979), Поль Гримо (бо забони фаронсавӣ бо субтитри рӯсӣ)
Панҷшанбе, 31 октябр: драма
— Мелкий Фермер (2017), Юбер Шаруэл (бо тоҷикӣ)
Ҷумъа, 1 ноябр: рақс, драма
— Полина, станцевать свою жизнь (2016), Валери Мюллер ва Анжелин Прельжокаж (фаронсавӣ бо субтитри русӣ)
Шанбе, 2 ноябр: мусиқӣ, драма
— Барбара (2017), Матьё Амальрик (фаронсавӣ бо субтитри русӣ)