Бо мақсади табобат ва муолиҷаи гирифторони бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус, аз Чин таҷҳизоти тиббии муосиртарин ва маводи доруворӣ ворид карда шудааст. Лавозимоти мазкур, бо харҷи беш аз 3 миллиону 900 ҳазор  сомонӣ, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе харидорӣ шудаанд. Дар ин бора сомонаи МИҲД шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти манбаъ, лавозимоти мазкур аз 200 дона дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (консентратори кислород (10L-OX-10A), 100 адад дастгоҳи ларингоскоп, 160 адад зарфи (баллон) кислороди ғунҷоишаш 40 литр бо таҷҳизоти интиқолдиҳанда, 50 адад мониторҳои назди кати бемор, 500 дона пулсоксиметр (таҷҳизот барои мурратаб ва бо низом гузаронидани дору ба бемор), 50 дона перфузор (таҷҳизот барои муайян кардани фоизи таъминоти организми бемор бо оксиген) ва ғайра иборат мебошанд.

Гуфта мешавад, лавозимоту таҷҳизоти тиббии овардашуда дар муассисаҳои табобатии Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе захира гардида, дар сурати зарурат барои табобат ва муолиҷаи гирифторони бемориҳои сироятӣ истифода бурда мешаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here