Мурофиаи судии Хуршед Азизов, ки барои даст доштанаш дар латукӯби бераҳмонаи ҷавондухтари 23-сола Малика Соҳибназарова гумонбар дониста мешуд, дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба поён расидааст.

Гуфта мешавад, ки ҳукм имрӯз, 24-уми апрел, содир шуда, судяи парванда Ғайрат Сангинзода айбдоршавандаро ба 8 моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум кардааст.

Манбаъ мегӯяд, Хуршед Азизов дар рӯзи охирини мурофиа ба гуноҳаш иқрор шуда, барои кирдораш аз Малика Соҳибназарова, ки дӯстдухтараш будааст, узр хостааст. Ӯ гуфтааст: «Пушаймон ҳастам, маро бубахш. Дигар такрор намешавад.»

Ёдовар мешавем, ки навори латукӯби Малика Соҳибназарова, сокини шаҳри Душанбе, шаби якуми марти соли равон аз тарафи корбарони шабакаи Фейсбук нашр шуд ва вокунишҳои тундро ба бор овард. Дар навор дида мешуд, ҷавон духтарро аз бордони мошин фароварда, латукӯб мекунад ва зӯран дубора ба мошин бор мекунад.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе баъди ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтани навор зуд ба таҳқиқи ҳодиса оғоз карданд ва давоми ду соат ҷиноятро ошкор карданд. Ҳодиса “дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ” ва “беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият” номида шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here