Киноҷашнвораи “Лолаи тиллоӣ” бо намоиши филми «Падари маҳтобӣ»-и коргардон Бахтиёр Худоназаров, ки 20 сол қабл наворбардорӣ шудааст, оғоз гардид.

Дар ҷашнвораи мазкур филмҳои тоҷикии дар давраҳои гуногуни фаъолияти Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” наворбардоришуда намоиш дода мешаванд. Ба ин муносибат шоми гузашта дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенси”-и пойтахт бо ташаббус ва дастгирии сафири давлати Фаронса хонум Ясмин Гуэдар ва Маркази фарҳанги “Бохтариён” дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Дар маросими расмии ифтитоҳи ҷашнвораи мазкур сардори МД “Тоҷикфилм” Раҳмон Носир ва сафири Фаронса хонум Ясмин Гуэдар суханронӣ карда, баргузории чунин ҷашнвораҳоро барои муаррифӣ ва рушду тавсеаи кинои тоҷик муҳим хонданд. Гуфта шуд, филмҳо аз 26-ум то 1-уми декабр, ҳамарӯза соатҳои 11 ва 18 дар кинотеатри “Ватан” ва киностудияи “Тоҷикфилм” пешкаши тамошобинон гардонида мешаванд. Рӯзи охир, 1-уми декабр, ғолибон бо диплом ва ҷоизаҳо қадрдонӣ карда хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки “Лолаи тиллоӣ” лоиҳаи озмоишии Маркази фарҳанги “Бохтариён” дар соҳаи кинематография дар Тоҷикистон мебошад, ки аз ҷониби сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ва киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” дастгирӣ ёфтааст. Ҷашнвораи миллии “Лолаи тиллоӣ” соли равон бори аввал дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва ҳадафи он ҳавасманд гардонидани беҳтарин намунаҳои синамои тоҷик, тарғиби онҳо дар дохилу хориҷи кишвар арзёбӣ мегардад.

Барномаи филмҳо дар доираи Ҷоизаи миллии «Лолаи Тиллоӣ»

Кинотеатри «Ватан»:

25.11.2019 соати 11:00

«Стрим» (2018, 18 дақиқа.) Коргардон: Фирӯз Ҳасанов, Фирдавс Ҳасанов

«Умар ако» (2019, 30 дақиқа.) Коргардон: Далер Имомалӣ

26.11.2019 соати 11:00

«Хонаи кӯҳна» (2018, 11 дақиқа.) Коргардон: Зарина Хоҷимуродова, Олеся Соина.

«Ҳаворӣ 2019» (2018, 29 дақиқа.) Коргардон: Шоҳҷамшед Умарӣ

27.11.2019 соати 11:00

«Некӣ» (2018, 12 дақиқа.) Коргардон: Муҳаммадрабӣ Исмоилов

«Дуғоб» (2018, 35 дақиқа.) Коргардон: Зайнолобуддин Мусо

28.11.2019 соати 11:00

«Хонаи меҳр» (2018, 10 дақиқа.) Коргардон: Бобоҷон Муҳтоҷиён

«Аз баландии парвоз» (2019, 28 дақ.) Коргардон: Акмал Восидӣ

29.11.2019 соати 11:00

«Дунё» (2018, 6 дақиқа.) Коргардон: Одина Маҳмад

«Хеле ҳам одами эҳтиёткор» (2018, 37 дақ.) Коргардон: Ҳусейн Азизов

30.11.2019 соати 11:00

«Чарху фалак» (2018, 15дақиқа.) Коргардон: Беҳрӯз Давлатбеков

«Пудина» (2018, 13 дақиқа.) Коргардон: Таҳмина Ҳакимова

«Проектор» (2018, 13 дақиқа.) Коргардон: Муҳаммадрабӣ Исмоилов

30.11.2019 соати 15:00

«Рақси зиндагӣ» (2018) Коргардон: Муҳаббат Сатторӣ

1.12.2019 в 11:00

«Ганҷ» (2018, 25 дақиқа) Коргардон: Меҳрубон Маликов

«Инъикос» (2018, 12 дақиқа) Коргардон: Рустамов Ҷумъа

«Умед» (2018) Коргардон: Дилошӯб Орифзода

Барномаи филмҳо дар доираи Панорамаи синамои тоҷик

Киностудияи «ТОҶИКФИЛМ»:

26.11.2019 соати 18:00

«Сафари ҳавоӣ» (2018) Коргардон: Далер Раҳматов

27.11.2019 соати 18:00

«Духтарон аз Суғдиён» (1987) Коргардон: Муқаддас Маҳмудов

28.11.2019 соати 18:00

«Қисмати шоир» (1959) Коргародон: Борис Кимёгаров

29.11.2019 соати 18:00

«Дуздидани 7 домод» (1976) Коргардон: Суват Ҳамидов

30.11.2019 соати 18:00

«Марги судхӯр» (1966) Коргардон: Тоҳир Собиров

1.12.2019 соати 18:00

«Қиёми рӯз» (2009) Коргардон: Носир Саидов

Даромад ба ҳамаи намоишҳо ройгон аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here