Аз рӯйдоду воқеаҳо ва ҷашнҳои миллии Тоҷикистону ҷаҳон, то ҳавои боронии 26-уми март

26-уми март, 85-умин рӯзи соли 2020 буда, то охири сол 290 рӯз боқӣ мондааст.

26-уми март дар ҷаҳон чӣ воқеа рӯх дод?

1910 — Конгреси ИМА ба қонуни муҳоҷирати соли 1907 тайғирот дароварданд, ки он ба ҷинояткорон, анархистҳо ва интиқолдиҳандаҳои беморӣ вуруд ба Амрикоро манъ мекард.

1442 — Олмониҳо ба фиристонидани яҳудиҳо ба Освентсим ва Лаҳистон шуруъ карданд.

1958 – Артиши ИМА кори севвумин моҳвораи муваффақи Амрико, Эксплорер-3-ро оғоз кард.

1971 – Шайх Муҷибур Раҳмон, Покистони Шарқиро Ҷумҳурии мустақили Бангладеш эълон кард.

1983 — Дар майдони озмоишии Невада санҷиши ҳастаиро анҷом дод.

1989 – дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин интихоботи озод баргузор шуд, ки Борис Элтсин президент интихоб шуд.

1992 – Дар Индианаполис, қаҳрамони бокс Майк Тайсон дар таҷовуз ба номус айбдор шуда шаш сол равонаи зиндон гардид.

1995 – аз 15  давлати Аврупо, 7-тои он назорати сарҳадро бекор карданд.

1996 – Сандуқи Байнанмилалии Асъор ба Русия, барои кӯмак дар тайғироти иқтисодиаш 10,2 миллиард доллар қарз дод.

2000 – Дар Русия Владимир Путин дар интихоботи президентӣ пирӯзӣ ба даст овард.

Рӯйдодҳои муҳими таърихии 26-уми март дар ҷаҳон

1979 – Шартномаи сулҳи Кемп Дэвид ба имзо расид

— Анвар Садот аз Миср ва  Мунаҷимӣ аз Исроил  бо имзои аввалин аҳдномаи сулҳ байни  миллати араб ва давлати араб хотима бахшиданд.

1958 – нарасидани озуқаворӣ дар Чин

— Дар он замон норасоии озуқаворӣ ба амал омада, вазъ беҳтар намешуд.

Дар ин вақт бисёри деҳқонон аз замин ба истеҳсоли оҳан ва пӯлод кӯчиданд. Гуруснагӣ ба тайғироти амалияи кишоварзи боис  шуд. Хушксолӣ ва обхезӣ низ ба амал омад.

1981 – Фондрайзери Олмон барои мубориза ба гуруснагии ҷаҳонӣ

— Дар ин рӯз маълумот дар бораи як хазинаи нодири кӯмак ва мубориза  бо гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон, аз чоп баромад. Як гурӯҳ донишҷӯён дар Олмон ният доштанд, ки аз хӯрокҳои сахт то 30 соат рӯза гиранд. Ин талош барои он омӯхта шуд, ки дар бораи гуруснагӣ ва ба чӣ  бурда расонидани он сокинон фикр кунанд. Он инчунин барои ҷамъоварии маблағи “Ворд Визион Интернейшен” яке аз калонтарин созмонҳои мубориза бо гуруснагӣ таҳрезӣ шуда буд. Одамон барои ҳар  як  соаате, ки донишҷӯ ба хӯрок ниёз дорад, маблағ ваъда карданд.

1999 – Ҷуброни маъданчиёни Англия

— Дар ин рӯз маъданчиёни англис парвандаи худро барои ҷуброн бо маблағи 2 миллиард фунт ба даст оварданд. Ин маблағро онҳо барои бемории шуш тавассути кор дар конҳои зеризаминӣ аз худ карданд.

2002 – заминларза дар Афғонистон

— Дар ин рӯз дар Афғонистон бар асари заминларза  1800 кас ба ҳалокат расида, 10000 нафар бехонумон шуданд.

2011 – Фавти сиёсатмадори машҳури ИМА Ферраро

— Дар ин рӯз Ҷералдин Ферраро  демократчии маъруфи ИМА пас аз якчанд соли мубориза бо саратон аз олам чашм пушид.

2012 – BMW 1,3 миллион  автомобил истеҳсол кард.

— Дар ин рӯз олмониҳо 1,3 миллион мошинҳои модели навъи шаши худро ба фурӯш гузоштанд.

2014 – фармони сарвари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун барои донишҷӯён

— Дар ин рӯз донишҷӯёни Кореяи Шимолӣ муҷиби сартарошии Ким Чен Ун шуда буданд.

Ҷашнҳои миллии ҷаҳон

26-уми март дар ҷаҳон рӯзи умумимилии спанак таҷлил мешавад.

— Спанак як навъи гиёҳи худрӯй буда, таркибаш аз оҳан ва витаминҳои К,А ва С бой мебошад.

26-уми март рӯзи милии нугат

— Ин ҷашни ғиз ва ҷашни қандҳои мулоим ё баъзан сахт мебошад. Бо шикастани сахтии рӯйи қанд дар маркази он қандаки мулоиме пайдо мешавад, ки онро нугат мегӯянд.

Вазъи обу ҳаво барои имрӯз, 26-уми март дар Тоҷикистон

26-уми март даар шаҳри Душанбе ва  ноҳияҳо тобеи ҷумҳурӣ боридани борон ва вазидани шамоли сахту раъду барқ дар назар аст.

— шамол аз самти Ғарб 2-7 м/с

— ҳарорат шабона – 6-8 дараҷа гарм; рӯзона – 16-18 дараҷа  гарм

Вазъи боду ҳавои ВМКБ 26-уми март абрнок буда, ба эҳтимоли зиёд боридани борон дар назар аст.

— шамол аз самти Ғарб 2-7 м/c

— ҳарорати шабона – 3-5 дараҷа хунук; рӯзона 11-13 дараҷа гарм

Вазъи обу ҳавои вилояти Суғд тайғирёбанда буда, каме борон меборад.

— шамол аз самти Ғарб 3-8 м/c

— ҳарорати шабона — 7-9 дараҷа гарм; рӯзона 15-17 дараҷа гарм

Дар вилояти Хатлон 26-уми март ҳаво абрнок буда, борон меборад

— шамол аз самти Ғарб 2-7  м/c

— ҳарорати шабона  8-10 дараҷа гарм; рӯзона 16-18 дараҷа гарм

Маълумот бобати вазъи боду ҳаво аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ гирифта шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here