Аз ҷониби кормандони милитсия ҷавондухтари 20-солаи сокини ноҳияи Ёвон ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, 20-уми январи соли 2018, тахминан соати 17:30, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо ноболиғ, писарбачаи 17-солаи сокини деҳаи Ҳаёти Нави ноҳияи мазкур, хонандаи синфи 11-уми МТМУ, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, якчанд маротиба ба китфаш ва як маротиба ба шикамаш задааст. Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here