Сафорати Эрон дар Душанбе хабар дод, ки дуюмин бастаи эҳдоии кишвари дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқобила бо коронавирус бо парвози фавқулодаи ширкати ҳавопаймоии “Киш Эйр”, баъд аз зӯҳри рӯзи панҷшанбеи 3-юми сентябр вориди фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе шуд ва таҳвили мақомоти марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Ин баста, ки тавассути муовинати илмӣ ва фанноварии раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон ирсол шудааст, шомили колоҳое аз қабили вентилятор, термометр, пулсоксиметр, компрессор, маҳлулҳои антисептикӣ ва васоили ташхис мебошад.

Дар пайи гуфтугӯи телефонии президентҳои Эрону Тоҷикистон аввалин бастаи кумакҳои пизишкии эҳдоии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар таърихи 12-уми майи имсол ирсол шуда буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here