Ду шатранҷбози наврас аз Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи кушоди байналхалқии шатранҷ – Ҷоми Ассотсиатсияи федератсияҳои шатранҷ бахшида ба гиромидошти хотираи М.М. Ботвинник даъватнома гирифтаанд. Ин мусобиқа дар байни наврасони то 14-сола аз 1-ум то 9-уми ноябр дар шаҳри Маскави ФР баргузор мегардад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дастпарварони мактаби шатранҷи Душанбе Меҳриддин Шарифов (14-сола, мураббияш Миразиз Ҳидоятов) ва Сабрина Абророва (12-сола, мураббияш Зебо Улуғхоҷаева) намояндагӣ мекунанд. Меҳриддин дар литсейи кӯдакони болаёқат ва Сабрина дар мактаби №55-и Душанбе таҳсил мекунанд.

Дар ин мусобиқа наврасони шатранҷбоз аз 11 кишвар – Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат хоҳанд кард. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here