Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз ду садамаи рӯзҳои 4 ва 5-уми май хабар дод, ки дар натиҷаи онҳо се нафар ба ҳалокат расиданд, ки яке ноболиғ аст.

Рӯзи 4-уми майи соли 2019, тахминан соатҳои 15:15, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ниссан-CEFIRO” Исоев Саломиддин Саидович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Душанбе-Турсунзода”, дар ҳудуди деҳаи Сешанбе аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, таҳти идораи ронанда Бердиев Хайрулло Нуралиевич, соли таваллудаш 1983, сокини деҳаи Уроури шаҳри Турсунзода, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Портет” Бердиев Х.Н. ва мусофири автомашинаи тамғаи “Ниссан-CEFIRO” Гадоева Зулхумор Наврӯзовна, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Балҷувон, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Ниссан- CEFIRO” Исоев С.С. ва мусофиронаш Заробова Идимоҳ Нуруллоевна, соли таваллудаш 1972, Тураева Авриямоҳ Аламовна, соли таваллудаш 1965 ва Ҷалолова Раҷабгул Амриддиновна, соли таваллудаш 1994, сокинони ноҳияи Балҷувон, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Рӯзи 5-уми майи соли 2019, тахминан соатҳои 12:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Хуршеди Даврон, соли таваллудаш 1994, сокини деҳаи Файзободи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Ваҳдат-Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ Воҳидҷони Абдусамад, соли таваллудаш 2007, сокини деҳаи Тезгари Поёнро пахш намудааст.

Дар натиҷаи рух додани чунин ҳодисаи нохуш, мутаассифона ноболиғ Воҳидҷони Абдусамад ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here