Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар вазни 100 кг соҳиби медали биринҷии чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни  ҷавонон дар Загреби Хорватия шуд. Ин дуюмин медали варзишкорони ҷавони тоҷик дар ин мусобиқа аст.

Раҳимов муборизаро барои ба даст овардани медал аз ғалаба бар варзишгари Лаҳистон Доминик Мазовски ва ҷудокори Маҷористон Петер Айвер оғоз кард. Дар чорякфинал Темур Раҳимов бар паҳлавони ҷопонӣ Такаи Ямагучӣ ғолиб омад.

Кори ин ҷудокори тоҷик дар нимфинал омад накард. Ӯ аз варзишгари Олмон Даниэл Сорн шикаст хӯрд ва бо гирифтани медали биринҷии ин мусобиқа иктифо кард.

Чуноне гуфтем, ин дуюмин медали биринҷии варзишкорони тоҷик дар Загреб буд. Пеш аз ин дар вазни 66 кг Сомон Маҳмадбеков низ барандаи медали биринҷӣ шуд. Сомон шаҳрванди Русия аст, аммо дар мусобиқаҳо аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон баромад мекунад. Вай бар Саини Сингҳ аз Ҳиндустон, Исмоил Иброҳимов аз Озарбойҷон ғалаба кард ва баъд аз бразилӣ Даниэл Карнин шикаст хӯрд. Дар мубориза барои ҷойи сеюм Маҳмадбеков варзишгарри Испания Рок Салвадор ва озарбойҷонӣ Яқуб Ҷаводовро мағлуб кард.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин чемпионат дар ҳисоби умумидастаӣ дар байни 83 кишвар ҷойи 17-умро соҳиб шуд. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here