Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ошкор шудани ду ҷинояти вазнин хабар дод, ки дар он ду ҷавон бо роҳи буғӣ кардан ду духтарро ба қатл расионида, зери хок кардаанд.

Гурӯҳи оперативӣ-тафтишотии Прокуратураи ноҳияи Сино ва милтсия аз зери хоки теппаҳои болои деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб мавзее, ки тахминан 50-60 метр ҷуқурӣ дорад, ду ҷасади ҷинси занро пайдо кардаанд. Баъд аз ҷустуҷӯ ва корҳои оперативӣ маълум карда шудааст, ки дар содир кардани ин ду ду ҷинояти одамкушӣ шаҳрвандон Сафаров Дониёр Каримович соли таваллудаш 1992 ва Раупов Саъдулло Абдуллоевич соли таваллудаш 1992 истиқомткунандагони шаҳри Душанбе н. И. Сомонӣ кӯчаи Деҳнаваки Боло даст доранд.

Маълум карда шудааст, ки яке кушташудаҳо Замирамоҳ Ҳайдарова будааст, ки ду соли пеш ғайб зада, дар ҷустуҷӯ қарор доштааст. Гумонбаршуда Сафаров Дониёр бо Ҳайдарова Замирамоҳ муддати тулонист шиносоӣ ва робита дошта, дар заминаи нофаҳмӣ ва рашк пайваста ӯро мавриди латукуб қарор дода, бо рафиқаш Раупов Саъдулло нақшаи қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани номбурдаро тарҳрезӣ кардаанд. Моҳи январи соли 2018 Сафаров Дониёр ва Раупов Саъдулло баъд аз латукуби Замирамоҳ Ҳайдарова ӯро дар бағоҷи автомашина ҷойгир карда, бо мақсади амалӣ намудани нияти нопоку ҷиноятии худ ба теппаҳои деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб бурдаанд. Аз торикии шаб ва набудани ҳеҷ кас дар атроф ва аз оҷизии Ҳайдарова истифода бурда, мавриди шиканҷаву озори ҷинсӣ қарор дода, бо як бераҳмии махсус бо роҳи буғӣ кардан ӯро ба ҳалокат расонидаанд. Сипас, ба хотири пинҳон кардани изи ҷинояташон ҷасади ҷабрдидаро дар чуқурии тақрибан 50-метр зери хок пинҳон кардаанд.

Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки ҷасади дуюм низ шахсияташ зан буда, шаҳрванд Меҳрафрӯзи Холмирзо соли таваллудаш 2001 истиқоматкунандаи ноҳияи Сомонӣ, деҳаи Алхитой, мебошад, ки номбурда низ аз моҳи апрели соли ҷорӣ ҳамчун шахси бедаракгардида, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт.

Ӯро гумонбаршуда Раупов Саъдулло куштааст. Гумонбаршуда Саъдулло Раупов моҳи апрели соли ҷорӣ ҳангоми ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудан дар деҳаи Харангон Меҳрафрӯзи Холмирзоро ҳамчун мусофир ба автомашинаи шахсии худ савор карда, баҳри амалӣ намудани нияти нопоку ноҷавонмардонаи худ дар дохили автомашина ӯро латукуб кардааст. Баъд, аз ҳолати беҳушӣ ва оҷизии ӯ истифода бурда, ба макони қаблан ҷиноят содирнамудаашон, яъне теппаҳои деҳаи Харангон рафта, ба Меҳрафрӯзи Холмирзо пешниҳоди алоқаи ҷинсӣ кардааст. Баъди аз ҷониби ҷавондухтар шунидани ҷавоби рад гумонбаршуда Раупов Саъдулло Меҳрафрӯзи Холмирзоро бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст ва ҷасади марҳум Меҳрафрӯзи Холмирзоро низ дар макони қаблӣ пинҳон кардааст.

Вобаста ба ҳолатҳои мазкур аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе нисбати гумонбаршудагон Раупов Саъдулло ва Сафаров Дониёр бо модаи 104 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудаааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here